МУВАФФАҚИЯТApple Pay расман дар Тоҷикистон фаъол шуд

Apple Pay расман дар Тоҷикистон фаъол шуд

-

Акси асосӣ аз саҳифаи фейсбукии Сафорати Тоҷикистон дар ИМА

Истифодабарандагони дастгоҳҳои Apple дар Тоҷикистон акнун метавонанд пардохтҳои худро бидуни истифодаи кортҳои пластикӣ анҷом диҳанд. 28 июли соли 2026 дар Тоҷикистон маросими расмии роҳандозии низоми байналмилалии пардохтии Apple Pay баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тариқи маҷозӣ ширкат варзида, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкати Apple Inc., бахши бонкӣ, низомҳои байналмилалии пардохт, ширкатҳои технологӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Аввалин бонкҳои шарики Apple Pay дар Тоҷикистон Alif Bank ва Humo Bank гардиданд. Муштариёни ин бонкҳо метавонанд кортҳои бонкии худро ба барномаи Apple Wallet пайваст намуда, бо истифода аз iPhone, Apple Watch ва дигар дастгоҳҳои мувофиқ дар нуқтаҳои савдо, барномаҳои мобилӣ ва сомонаҳо пардохтҳои ғайринақдӣ анҷом диҳанд.
Apple Pay барои тасдиқи амалиёт аз технологияҳои Face ID, Touch ID ё рамзи муҳофизатии дастгоҳ истифода мебарад, ки сатҳи баланди амнияти маълумоти молиявиро таъмин мекунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...

Имзои ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқа ва Huawei барои рушди технологияҳои 5G-A ва 6G

Дар ҳошияи Форуми 5G дар шаҳри Душанбе миёни Хада моти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ваҶДММ "Хуавей Технологии Тоҷикистон" ёддошти...

Пешниҳод ба Нетаняҳу дар ивази афв аз сиёсат дур мешавӣ!

Президенти Исроил Итсҳак Ҳерсог ба сарвазири ин кишвар Бинямин Нетаняҳу созишеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он Нетаняҳу метавонад ду...
spot_imgspot_img

Кӣ беҳтарин хизматчии давлатии зан дар Душанбе шуд?

Дар шаҳри Душанбе ғолибони даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» муайян ва қадрдонӣ...

Тоҷикистон хостори харитаи ягонаи ҳамкориҳои маорифии Осиёи Марказӣ шуд

Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030 харитаи роҳи минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи маорифро пешниҳод кард. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад