ҲАЁТИ СОЛИМДушанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

-

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон эълон мекунад, ки 5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе фестивали кушодаи шаҳрии зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ — AI ALLEY («Хиёбони зеҳни сунъӣ») баргузор мешавад.
Фестивал аз ҷониби ин агентӣ ташкил шуда, аз соати 17:00 то 22:00 идома меёбад.
Дар доираи чорабинӣ ширкатҳои IT, стартапҳо, донишгоҳҳо, мактабҳои IT, таҳиягарон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрӣ гирди ҳам меоянд. Иштирокчиён метавонанд тавассути намоишҳо, омӯзишҳо, озмунҳо ва барномаҳои интерактивӣ бо имкониятҳои зеҳни сунъӣ шинос шуда, дар озмунҳо иштирок ва соҳиби туҳфаҳо шаванд.
Дар фестивал барои иштирокчиён чаҳор минтақаи асосӣ ташкил карда мешавад. Дар MAIN STAGE маросими расмии ифтитоҳ, баромадҳои амалӣ, намоиши лоиҳаҳо, озмунҳо, маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи ниҳоӣ баргузор мегардад.
Дар EXHIBITION ZONE ширкатҳои IT, ташкилотҳо, стартапҳо ва муассисаҳои таълимӣ технологияҳо ва лоиҳаҳои амалии худро муаррифӣ мекунанд. AI EDUCATION ZONE барои баргузории мастер-классҳо, лексияҳои кӯтоҳ, машваратҳои касбӣ ва машғулиятҳои амалӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар AI DISCO ZONE барномаи фароғатӣ бо мусиқӣ, эффектҳои визуалии рақамӣ, робот-DJ, бозиҳо ва барномаҳои интерактивии рақсию фароғатӣ пешниҳод мешавад.
Ташкилкунандагон ҳадаф доранд, ки тавассути ин фестивал имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосири рақамиро ба доираи васеи сокинон муаррифӣ намуда, барои шиносоӣ, омӯзиш ва табодули таҷриба миёни мутахассисон, ҷавонон ва ҷомеа муҳити муносиб фароҳам оваранд.
Акси марбут, ки бо ҳуши маснӯи сохта шудааст, аз саҳифаи фейсбукии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад