ОЛАМИ МАҶОЗӢМушкили фаннии Galaxy A71. Кӣ гунаҳкор?

Мушкили фаннии Galaxy A71. Кӣ гунаҳкор?

-

Дар дисплей ё экранҳои смартфонҳои Samsung Galaxy A71 хатҳои амудии сафед ба таври тасодуфӣ пайдо шуданд. Дар ин бора нашрияи GizmoChina хабар медиҳад.

Як корбар ба ин мушкилот дучор шуда, дар Твиттер аз нуқси экрани Galaxy A71 шикоят кард. Ин нафар барои исботи суханони худ аксҳоро замима кардааст.

Аксҳои интишоркардаи ӯ экрани смартфонеро нишон медиҳанд, ки рахи сафед экранро ду тақсим мекунад. Samsung барои рӯшан кардани вазъ ба ин нафар тамос гирифтааст.

GizmoChina менависад, ки Galaxy A71 аввалин модели Samsung нест, ки дар экран нуқс дорад. Қабл аз ин дар смартфонҳои гаронтар Galaxy S20 Plus, Note 20 Ultra ва S21 Ultra рахҳо бо рангҳои гуногун пайдо шуда буданд.

Акс аз тввитер

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад