ҲАЁТИ СОЛИМГрета ба Аврупо баргашт

Грета ба Аврупо баргашт

-

Грета Тунберг дар қатори 171 фаъоле, ки  самти Ғазза мерафт, ба Аврупо бозгашт.

Баъзе аз иштирокчиёни флоти «Сумуд» ки аз ҷониби Исроил боздошт шуданд, аз шиканҷа ва поймолшавии ҳуқуқи худ шикоят карданд. Аз ҷумла, Грета Тунберг мегӯяд, нерӯҳои исроилӣ аз мӯйи ӯ кашида ба назди флаги ин кишвар бурданд то онро бибӯсад. Вале ӯ  ин амалро анҷом надодааст. 

Мақомоти Исроил 171 фаъоли “Флоти Сумуд”-ро  ихроҷ карданд. Ин гурӯҳ талош дошт, ки садди Исроил дар атрофи Ғаззаро шиканад ва ба гуфтаи созмондиҳандагон, барои мардуми Фаластин кумакҳои башардӯстона мебурд.

Дар байни нафарони аз кишвар ихроҷшуда фаъоли маъруфи муҳити зист аз Шветсия Грета Тунберг низ қарор дошт. Ӯ ҳанӯз дар моҳи июн ҳам кӯшиш карда буд, ки тавассути баҳр ба минтақаи Фаластин бирасад, вале он вақт низ аз ҷониби низомиёни исроилӣ боздошт шуда буд.

Тибқи изҳороти Исроил, дар маҷмӯъ 479 иштирокчии флот аз 44 кишвари ҷаҳон боздошт шудаанд. Ба гуфтаи низомиёни исроилӣ, дар 40 киштии боздоштшуда ҳамагӣ 2 тонна кумакҳои башардӯстона ёфт шудааст, дар ҳоле ки интиқоли чунин кумак ҳадафи асосии сафар эълон шуда буд.

Киштиҳое дар миёнаи моҳи сентябр, бо вуҷуди ҳушдорҳои Исроил, ки киштиҳо иҷозаи наздик шудан ба соҳилҳои анклавро надоранд, ба роҳ баромада буд. Дар он ҷо амалиёти ҷангӣ идома доранд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад