НАВИДЗиёни дучанди сэндвич ва равғану панир

Зиёни дучанди сэндвич ва равғану панир

-

https://www.instagram.com/p/CYlL79MtZP7/

Сергей Вялов, гастроэнтерологи шинохта ва фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ нақл мекунад, ки чӣ гуна сэндвич ва равғану панир ба дил ва ғадуди зери меъда зиён мерасонанд.

-Равған серкалориятарин, вале зиёновартарин ғизо аст. Хусусан, агар он аз ҳайвонот бошад. Он дорои холестерин ва триглитсеридҳо мебошад. Он сарбории ғадуди зери меъдаро зиёд мекунад ва рушди атеросклерози рагҳои хунрави тамоми баданро метезонад.

🍔 Рад кардани сэндвич рӯҳан дардовар аст. Аммо донед, ки он ба дил ё ғадуди зери меъда зараровар аст. Вақте шумо дар як вақт бисёр хӯрок мехӯред, ғадуди зери меъда бештар дард мекунад. Вақте ки шумо ҳар рӯз сандвич бо равған ва панир мехӯред, авзои дил бадтар мешавад.
🔹 Агар шумо дар як вақт миқдори зиёди равған истеъмол намоед, ин кори ғадуди зери меъда ва ҷигарро сахт мекунад. Ин ду узв дар реҷаи шадид ферментҳову сафро (желч) истеҳсол мекунанд.
Дар рӯдаҳо оби понкорос (панкреатический сок) бо сафро омехта шуда, фаъол мешавад ва ҳазми ғизо шурӯъ мегардад. Аммо агар сандвич аз ҳад зиёд бошад ва ба он машрубот ҳамроҳ, талаботи сафро аз ғадуди зери меъда беш мегардад, ферментҳоро пеш аз вақт фаъол мекунад ва натиҷаи он панкреатити шадид асту бас!

🔹Барои дил он қадар муҳим нест, ки шумо имрӯз чанд сандвич хӯрдаед. Муҳим ин аст, ки шумо ин корро фардо, пас аз фардо ва рӯзҳои баъдӣ такрор мекунед. Ҳар қадаре ки шумо равғани ҳайвонотро зиёдтар истеъмол кунед, ҳамон қадар миқдори холестирин ва триглитсеридҳо дар хун баланд мешавад ва атеросклероз ҳамон қадар тезтар инкишоф меёбад. Пулакҳои атеросклеротикӣ гардиши хунро дар дил бозмедоранд — ҳамин тавр бемории ишемияи дил меҳмонатон мешавад: стенокардия ва сактаи дил.

🔹Чӣ бояд кард? Аз сандвичҳо бо панир комилан даст кашидан шарт нест, аммо ба ҳар ҳол донистан лозим аст, ки кай қатъ кардан лозим. Режими ғизоиро бештар бо сабзавот ва камтар аз ҳайвонот танзим бояд кард. Давоми рӯз се бор ғизо мехӯрем. Тавсияҳои муосир чунин аст, ки ҳадди ақал як бори он гиёҳхорӣ бошад. Гастроэнтерологҳо бо ин розӣ ҳастанд, ки ҳар қадар режими ғизоӣ дуруст ба роҳ монда шавад, хатари бемориҳои ғадуди зери меъда, ҷигар ва рӯдаҳо камтар мешавад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роскомнадзор: YouTube дархости моро сарфи назар кард

Шабакаи YouTube сарфи назар аз талаботи Роскомнадзор, беш аз 60 ҳазор маводро, ки ин ниҳод ғайриқонунӣ медонад, ҳазф накарааст....

CAFA-2024: Эрон медали тиллоро соҳиб шуд

Championship CAFA 2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба поён расид. Дувумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи...

Vivo X100s-ро тавонотарин смартфон меҳисобед?

Vivo X100s тавонотарин телефон дар назарсанҷиҳои чанд ширкат дониста шудааст. Маҳсулоти нав бо эҳтимоли зиёд нимаи аввали соли 2024...

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...
spot_imgspot_img

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад