
Набиҷони Саидаброр ҳамагӣ 26 сол дорад, вале чашмаҳоеро, ки дар деҳаи Садбарго хушк шуданд, ба ёд оварда метавонад. Замоне дар назди қариб ҳар хона чашмае ҷорӣ буд. Имрӯз аз даҳҳо чашма танҳо изаш боқӣ мондааст. Тағйирёбии иқлимро ӯ сахт эҳсос мекунад. Зеро солҳои охир зимистони минтақаи онҳо ҳам нисбат ба зимистонҳои пеш гармтар шуда, дар баҳор низ боришот кам гаштааст.
Дар натиҷа, сокинон маҷбуранд оби заруриро аз деҳаҳои дигар ё сарчашмаҳои дуртар дастрас кунанд. Ҳамзамон, ду-се соли охир баъзе аз сокинон барои обёрии заминҳои кишоварзии худ ба кандани чоҳ низ шурӯъ кардаанд.
Дар воқеъ, аз чашмаҳои хушкшуда имрӯз танҳо иншооти обгирӣ боқӣ мондаанду халос. Сохтмонҳое, ки замоне барои ҷамъоварӣ ва истифодаи об бунёд шуда буданд, акнун танҳо аз мавҷудияти чашмаҳое шаҳодат медиҳанду халос.
Хотираи чашмаҳо

Ин изи чашмаест, ки муддатҳост ҷуш намезанад. Барои ҷавонон танҳо як чуқурӣ аст. Вале холаи Рӯзигул 30 сол аз чашма ҷо об менӯшид ваҳавлиашро обёрӣ мекард. Ҳоло чашма хушк аст, ва сокинони деҳаҳои кӯҳистони Кӯлоб ҳамин гуна чашмаҳоро яке паси дигаре аз даст медиҳанд.
Рӯзигул Абдуллоева, сокини деҳаи Гулзор солҳои зиёд аз чашмае, ки дар ҳавлии манзили истиқоматиаш ҷойгир буд, истифода мебурд. Он на танҳо манбаи оби нӯшокӣ, балки воситаи обёрии қитъаи наздиҳавлигии хонавода низ буд. Аммо тайи се-чор соли охир вазъ тағйир ёфта, оби чашма танҳо дар фасли зимистон пайдо шуда, дар дигар фаслҳои сол хушк мемонад.
Ба мушоҳидаи ӯ, бо тағйир ёфтани боду ҳаво муҳити ҷангалзори атрофи деҳа низ дигар мешавад. Ҳаво гармтар ва об камтар шудааст.
Роҳи дуру дарози об то хона

Бо хушк шудани чашмаҳои назди хона, сокинони баъзе деҳаҳои кӯҳистон маҷбуранд барои дастрасӣ ба об сарчашмаҳои дуртарро истифода баранд. Акнун об тавассути лулаҳо аз чашмаҳои кӯҳӣ ба манзили онҳо мерасад.
Дар деҳаи Сангдара низ сокинон обро тавассути лула аз чашмаҳое меоранд, ки дар масофаи чанд километр аз маҳалли зисташон ҷойгиранд. Аммо расонидани об то хона на ҳамеша осон аст. Қубурҳо аз нишебиҳои кӯҳ ва байни сангу дарахтон мегузаранд ва осеб дидани онҳо метавонад интиқоли обро қатъ кунад.
Дар фасли зимистон мушкил боз ҳам зиёд мешавад. Сардиҳои шадиди кӯҳистон об ях мекунад ва дастрасии сокинонро ба об муваққатан маҳдуд созанд.
Давлатбеки Карим мегӯяд, қаблан барои расонидани об як-ду қубур кофӣ буд ва сарчашмаҳо ба хонаҳо наздиктар буданд. Бо кам шудани чашмаҳо сокинон маҷбуранд барои дастрасӣ ба об лулаҳои тӯлонӣ зарур мешаванд.
Вақте чашмаҳо хушк мешаванд, табиат чиро аз даст медиҳад?
Эмомалӣ сокини деҳаи Гулзор аст. Ӯ ба ёд меорад, ки солҳои пеш дар атрофи хонааш парандаҳо ва ҳатто ҳайвоноти гуногун зиёдтар буданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло шумораи парандаҳо ва ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ нисбат ба гузашта камтар шудааст.
Ин тағйиротро сокинон дар зиндагии ҳаррӯзаи худ низ мушоҳида мекунанд. Хушк шудани растаниҳо ва кам шудани муҳити мувофиқ барои зиндагии ҳайвоноту парандаҳо аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки дар баробари камшавии захираҳои об таваҷҷуҳро талаб мекунанд.
Тағйирёбии иқлим танҳо бо гармтар шудани ҳаво маҳдуд намешавад. Тағйир ёфтани миқдор ва тақсимоти боришот, баланд шудани ҳарорат ва зиёд шудани бухоршавӣ метавонанд ба захираи намии хок ва пуршавии обҳои зеризаминӣ таъсир расонанд. Дар натиҷа, ҷараёни баъзе чашмаҳо низ метавонад кам шавад.
Номвар Қурбон, иқлимшинос ва муҳаққиқи пиряхҳо мегӯяд, чашмаҳо аз обҳои зеризаминӣ ғизо мегиранд ва захираи онҳо аз боришот, обшавии барфу пиряхҳо ва хусусиятҳои геологии маҳал вобаста аст.
Камшавии намӣ ва норасоии об ҳамзамон ба муҳити табиӣ низ таъсир мерасонанд. Корманди соҳаи ҷангал Мадиброн Саидзода ба хушкшавии растаниҳо дар чунин шароит ишора мекунад. Растаниҳо қисми муҳими муҳити зисти ҳайвоноту парандаҳо мебошанд ва тағйир ёфтани ҳолати онҳо метавонад шароити зиндагии ин мавҷудотро низ дигар кунад.
Албатта, хушкшавии чашмаҳоро танҳо ба тағйирёбии иқлим нисбат додан дуруст нест. Омилҳои геологӣ, хусусиятҳои маҳал ва истифодаи захираҳои об низ метавонанд дар ин раванд нақш дошта бошанд. Аммо тағйирёбии иқлим бо кам шудани боришот, баланд шудани ҳарорат ва дигаргуниҳои марбут ба гардиши об метавонад ин мушкилотро шадидтар кунад.
Ба ҷойи хулоса

Чашмаҳои хушкшуда натанҳо аз кам шудани як манбаи об шаҳодат медиҳанд, онҳо ҳамчунин моро водор мекунанд, ки ба ояндаи муҳити табиии деҳаҳои кӯҳистон бештар таваҷҷуҳ намоем.
Қубурҳои чандкилометра имрӯз ба сокинони деҳаҳои кӯҳистон имкон медиҳанд, ки обро аз чашмаҳои дур ба хона расонанд. Аммо ин комилан роҳи ҳал нест, балки мутобиқ шудан ба шароите мебошад, ки дар он манбаъҳои пешинаи об дигар мисли гузашта фаъол нестанд.
Барои онки чашмаҳо дар оянда низ ҷорӣ боқӣ бимонанд, танҳо ёфтани сарчашмаҳои нави об кофӣ нест. Ҳифзи ҷангалу чарогоҳҳо, пешгирии таназзули замин, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва назорати ҳолати чашмаҳо низ аҳамияти муҳим доранд. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ин тадбирҳо метавонанд осебпазирии манбаъҳои обро камтар кунанд.
Зеро, чашма танҳо ҷойи ҷӯш задани об нест. Он як қисми низоми табииест, ки зиндагии инсон, растаниҳо ва ҳайвонот ба он вобаста аст. Агар имрӯз барои ҳифзи ин назм чора наандешем, шояд фардо лулаҳои боз ҳам тӯлонитар моро ба оби кофӣ таъмин карда натавонанд.
Низомиддин Исоев,
журналист



