Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе аз афзоиши истифодаи беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни хонандагон изҳори нигаронӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз зарур аст, ки миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон, фарҳанги истифодаи дурусти интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам фаҳмонида шавад.
«Зеро зарар ё фоидаи технологияҳои нав аз он вобаста аст, ки мо онҳоро чӣ гуна истифода мебарем», — таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Президент гуфт, ки истифодаи аз ҳад зиёди телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба диққат, таҳсил ва рушди кӯдакону наврасон таъсири манфӣ расонад. Ба гуфтаи ӯ, истифодаи бемеъёру беназорати онҳо ба солимии равонӣ, хоб, нутқ, ҳофиза, қобилияти азхудкунии дониш ва рушди ҷисмонии наврасон зарари ҷиддӣ мерасонад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдудияти синнусолии иттилоот ба таври зарурӣ риоя намешавад ва ин ҳолат кӯдакону наврасонро ба таъсири иттилооти номатлуб осебпазир мекунад.
Ӯ гуфт, ки ба ҷойи соатҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ будан, хонандагон бояд вақти худро ба китобхонӣ, омӯзиш, рушди малакаҳо ва варзиш равона кунанд.
Президент ба Вазорати маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш дод, ки дар муддати се моҳ масъалаи истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни хонандагонро ҳамаҷониба таҳлил карда, роҳҳои ҳалли онро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити рақамикунонии босуръат ҷавонон бояд фарҳанги баланди иттилоотӣ дошта бошанд, шабакаҳои иҷтимоиро огоҳона истифода баранд ва тавонанд дар муқобили иттилооти ғаразнок, хабарҳои бардурӯғ ва ғояҳои ифротгароёна муқовимат кунанд.
Президент таъкид кард, ки интернет бояд пеш аз ҳама барои илму донишандӯзӣ истифода шавад ва ҷавонон дар таъмини амнияти иттилоотию мафкуравии ҷомеа саҳмгузор бошанд.



