ОЛАМИ МАҶОЗӢМукотиба бо ChatGPT ҳамчун «далел» дар парвандаи сӯхтори марговар...

Мукотиба бо ChatGPT ҳамчун «далел» дар парвандаи сӯхтори марговар ҳисоб нашуд

-

Ҳайати ҳакамон дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА натавонист оид ба парвандаи Ҷонатан Риндеркнехт, ки ба қасдан оташ задан муттаҳам мешавад, ба қарори ягона бирасад. Сӯхторе, ки ба гуфтаи муфаттишон ӯ 1 январи соли 2025 ба вуҷуд овардааст, яке аз маргбортарин сӯхторҳо дар таърихи шаҳр арзёбӣ мешавад.

Додситонҳо барои исботи айб маълумоти гирифташуда аз iPhone-и ӯ, наворҳои камераҳои назоратӣ ва нишондоди шоҳидонро пешниҳод карданд. Илова бар ин, онҳо ба таърихи мукотибаи муттаҳам бо ChatGPT низ такя намуданд.

Ба гуфтаи айбдоркунандагон, Риндеркнехт аз чатбот хоҳиш кардааст тасвирҳои оташро эҷод кунад, пурсидааст, ки чаро ҳамеша худро хашмгин эҳсос мекунад ва аз одамони сарватманд шикоят кардааст. Ҳамчунин ӯ аз ChatGPT пурсидааст, ки агар сӯхтор аз сигор сар зада бошад, оё шахсро метавон барои он ба ҷавобгарӣ кашид ё не.

Бо вуҷуди ин, ин далелҳо ҳайати ҳакамонро қонеъ накарданд. Аз 12 довар, 10 нафар ба бегуноҳии муттаҳам ва ду нафар ба гунаҳкор будани ӯ овоз доданд. Азбаски қарори якдилона қабул нашуд, додрас мурофиаро бе натиҷаи ниҳоӣ анҷом дода, баргузории баррасии такрории парвандаро таъин кард.

Яке аз ҳакамон дар суҳбат бо телевизиони маҳаллӣ гуфт, ки мукотиба бо чатботро далели ҷиноят намеҳисобад.

Дар тасвир Ҷонатан Риндеркнехт. Акс аз манбаъҳои боз
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад