ОЛАМИ МАҶОЗӢTesla: Сабаби садамаи марговар автопилот набуд, балки ронанда буд

Tesla: Сабаби садамаи марговар автопилот набуд, балки ронанда буд

-

Ширкати Tesla иддао дорад, ки ронанда, на низоми автопилот, дар садамаи марговаре, ки бо иштироки мошини барқии Model 3 дар иёлати Техаси ИМА рух дод, гунаҳкор аст.

Дар натиҷаи ин садама, мошин бо суръати баланд ба як хонаи истиқоматӣ бархӯрда, зани 76-соларо ба ҳалокат расонд.

Ба гуфтаи Tesla, ронанда «бо пахш кардани педали газ то ҳадди ниҳоӣ қасдан автопилотро ғайрифаъол кардааст». Роҳбари бахши зеҳни сунъии ширкат Эшок Эллусвами изҳор доштааст, ки ронанда мошинро то суръати 117 километр дар як соат расонда, ҳатто пас аз бархӯрд низ пахш кардани педали газро идома додааст.

Дар ҳамин ҳол, пулиси маҳаллӣ гуфтааст, ки ҳангоми рух додани садама низоми идоракунии худкори мошин фаъол будааст.

Айни замон мақомоти Иёлоти Муттаҳида истифодаи технологияи автопилот ё худкори Tesla-ро таҳқиқ мекунанд. Аз ҷумла, онҳо месанҷанд, ки оё ин система ҳангоми номусоид будани шароити обу ҳаво ва маҳдуд шудани қобилияти дидани роҳ, ронандаро ба таври кофӣ огоҳ мекунад ё не.

Ин таҳқиқот танҳо ба садамаи охирин маҳдуд набуда, фаъолияти низоми автопилоти Tesla дар чандин ҳодисаи дигар низ мавриди баррасии мақомоти танзимкунанда қарор дорад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад