ҲАЁТИ СОЛИМТрамп вуруди шаҳрвандони як қатор кишварҳоро ба ИМА пурра...

Трамп вуруди шаҳрвандони як қатор кишварҳоро ба ИМА пурра манъ кард

-


Президенти ИМА Доналд Трамп манъи комили вуруд ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Сурия, инчунин барои дорандагони ҳуҷҷатҳои сафарии Маъмурияти миллии Фаластин ҷорӣ намуд. Ҳамзамон, маҳдудиятҳо нисбат ба Туркманистон қисман сабуктар карда шуданд.

Вашингтон рӯйхати кишварҳо ва қаламравҳоеро, ки маҳдудиятҳои вуруд ба ИМА нисбат ба онҳо татбиқ мегардад, ду баробар зиёд кард.

Тибқи ҳуҷҷате, ки Кохи Сафед 16 декабр нашр намуд, маҳдудиятҳои нав аз 1 январи соли 2026 амал мекунанд ва 20 кишвару қаламравро дар бар мегиранд. Бо ин роҳ, шумораи кишварҳое, ки шаҳрвандонашон зери чунин маҳдудиятҳо қарор доранд, ду баробар афзудааст.

Манъи пурраи вуруд акнун ба шаҳрвандони Буркина-Фасо, Лаос, Малӣ, Нигер, Сурия, Серра-Леоне ва Судони Ҷанубӣ, инчунин ба дорандагони ҳуҷҷатҳои сафарие, ки аз ҷониби Маъмурияти миллии Фаластин дода шудаанд, татбиқ мегардад.

Маҳдудиятҳои қисман ба шаҳрвандони Ангола, Антигуа ва Барбуда, Бенин, Габон, Гамбия, Ҷумҳурии Доминикан, Замбия, Зимбабве, Кот-д’Ивуар, Малави, Мавритания, Нигерия, Сенегал, Танзания ва Тонга дахл доранд.

Дар изҳороти расмӣ таъкид мешавад, ки ин чораҳо нисбат ба кишварҳое андешида шудаанд, ки дар низоми санҷиши амният ва табодули иттилоот камбудиҳои ҷиддӣ ва доимӣ доранд.

Ҳамзамон, ИМА маҳдудиятҳоро нисбат ба додани раводидҳои ғайримуҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони Туркманистон лағв мекунад, аммо раводидҳои муҳоҷиратӣ намедиҳад. Ин тасмим бо он шарҳ дода мешавад, ки Ашқобод бо маъмурияти Амрико “ҳамкории созанда” дошта, дар беҳтар намудани тартиботи муайянсозии шахсият ва мубодилаи иттилоот пешрафт нишон додааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...

Нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори...

Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон эълон мекунад, ки 5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе...
spot_imgspot_img

Тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро...

Якдоларӣ бо тасвири Трамп

Сиккахонаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки тангаи 1-доллараии соли 2026 бо тасвири президенти ИМА Доналд Трамп аз дирӯз, соати...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад