МУВАФФАҚИЯТМусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои ҷоизаҳои Расул Боқиев

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои ҷоизаҳои Расул Боқиев

-

20-21 август дар толори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олӣ оид ба намудҳои гуштини шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни ҷавонон барои ҷоизаҳои Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев баргузор шуд.

Ба иттилои Кумитаи олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқа паҳлавонони ҷавон аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карда, тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар ҳафт вазн миёни мардҳо сабқат намуданд. Дар натиҷа, бештари медалҳоро варзишгарони шаҳри Душанбе сазовор шуданд. Варзишгарони пойтахт дар шаш вазн ғолиб шуданд. Як медали дигари тиллоро бародарзодаи Расул Боқиев Алӣ Боқиев дар ҳайати тими Хатлон-1 ба даст овард. Алӣ Боқиев соли гузашта ҷои дуюмро гирифта буд.

2-юм Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни ҷавонон барои ҷоизаҳои Расул Боқиев:

-60кг
1. Эҳсон САФАРЗОДА (Душанбе)
2. Сомон АЛАМОВ (Хатлон-2)
3. Идибеки АМИРШО (Душанбе)
3. Абдураҳим НАЗАРОВ (Душанбе)

-66кг
1. Хурсандқул КУГАНОВ (Душанбе)
2. Азим АСАДОВ (ШНТМ)
3. Абдуллои ОРИФ (Хатлон-2)
3. Муқтадири БОБОҶОН (Душанбе)

-73кг
1. Алӣ БОҚИЕВ (Хатлон-1)
2. Муҳаммадисо РАҶАБОВ (Душанбе)
3. Субҳиддин ХАЛИЛЗОДА (Душанбе)
3. Шоҳрухи САЙМУҲАММАД (Душанбе)

-81кг
1. Мизробшо ЛОИҚОВ (Душанбе)
2. Туйчибек ШАРИФОВ (Душанбе)
3. Сайфиддин БОЙМИРЗОЕВ (Хатлон-1)
3. Маҳмадамин ЭРНАЗАРОВ (ШНТМ)

-90кг
1. Ҷаҳонгир БОБОЕВ (Душанбе)
2. Аюбҷон МИРЗОЕВ (Душанбе)
3. Мақсуд РАҲМОНОВ (Душанбе)

-100кг
1. Исроил РАҲИМОВ (Душанбе)
2. Меҳроб ТАҒОЙМУРОДОВ (Душанбе)
3. Парвиз АБДУРАҲМОНОВ (Душанбе)
3. Юнус ҶОМАҲМАДОВ (ШНТМ)

+100кг
1. Иброҳим ЭЛМУРОДОВ (Душанбе)
2. Бобоҷон БОБОЕВ (Хатлон-2)
3. Бахтовар БОБОХОНОВ (Душанбе)
3. Толибҷон ТОИРОВ (ШНТМ)

Расул Боқиев 29-уми сентябри соли 1982 дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Нозукиҳои гӯштини миллӣ ва ҷудоро аз падараш – Мураббии хизматнишондодаи варзиши ҶШС Тоҷикистон Боқиев Худойназар омӯхтааст.
Айни ҳол дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ дорад.

Расул Боқиев соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар вазни -73кг сазовори медали биринҷӣ шуд. Ӯ ҳамчунин медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (2007, Рио-де-Жанейрои Бразил), медали биринҷии Бозиҳои Осиё (2010, Гуанжоуи Чин), медали нуқра ва ду медали биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст оварда, се маротиба ғолиби Ҷоми ҷаҳон гардидааст.

Расул Боқиев бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2008 бо мукофоти давлатӣ — Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардидааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад