
Зулфиза Қобилова дар гармии тоқатфарсои Айвоҷ бо меҳнату сабурӣ аз ду қуттии хурди занбӯр як кори хонаводагии даромаднок сохт.
Замоне шавҳараш барои пайдо кардани рисқу рӯзӣ ҳазорҳо километр дур мерафт. Вале имрӯз зану шавҳар паҳлуи ҳам истода, ба қуттиҳои занбӯр менигаранд ва ҳар парвози занбӯрҳо барои онҳо як қадами дигар ба сӯи зиндагии беҳтар аст.
Ҷамоати деҳоти Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус аз гармтарин минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон ба шумор меравад. Тобистон ҳарорати ҳаво дар ин ҷо ба 50 дараҷа мерасад. Аммо гармии тоқатфарсо ҳам натавонистааст ҳаракати Зулфиза Қобиловаи 43-соларо барои пеш бурдани кори дӯстдоштааш суст кунад.
Зулфиза 8 сол инҷониб ба занбӯриасалпарварӣ машғул аст. Шуғле, ки замоне барои ӯ танҳо як кори наву ношинос буд, имрӯз ба манбаи асосии даромади оила табдил ёфтааст. Қуттиҳои занбӯри ӯ аз 2 адад ба 48 адад расидаанд ва шавҳараш низ дигар барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ ба Русия намеравад.
Зулфиза нақл кард, ки дар рӯзҳои аввали кор шавҳараш ба ӯ кумак мекард. Аммо ҳанӯз як моҳ нагузашта, мисли ҳазорон муҳҷири тоҷик ӯ низ барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ роҳи ба Русия рафт. Рафтани шавҳар Зулфизаро бо масъулияти нав танҳо гузошт. Дар дилаш, ба қавли худи ӯ, гӯё лахчаи алов афтод, чӣ гуна бояд ба танҳоӣ занбӯрҳоро нигоҳубин кард ва намегузошт, ки оилаҳои занбӯр талаф ёбанд.
«Бо тарс назди қуттиҳои занбӯр мерафтам. Эҳтиёт мекардам, ки нагазанд. Занбӯрҳо бисёр нозуканд. Агар ба онҳо бепарво ё беэътиноӣ кунӣ, метавонанд қуттиро тарк кунанд. Барои ҳамин, зуд-зуд бо шавҳарам тамос рифта, маслиҳат мепурсидам.»,-ба ёд меорад бонуи занбӯриасалпарвар.
Аз гул ба гуле…
Занбӯриасалпарварӣ барои Зулфиза аз рӯзи аввал кори осон набуд. Борҳо қисме аз занбӯрҳо аз қуттиҳо гурехтанд. Баъзеашон ба хонаҳои ҳамсояҳо рафтанд, баъзе дигар ба ҷойҳои дур парвоз карданду дигар барнагаштанд. Аммо ҳар нокомӣ барои ӯ як таҷриба нав шуд.
Баҳору тобистон дар деҳот субҳ дигар гуна оғоз меёбад. Ҳанӯз офтоб ба баландӣ нарасида, ҳаво аз бӯи гулу гиёҳ ва садои занбӯрҳо пур мешавад. Зулфиза бошад, пеш аз омода кардани субҳона, аввал ба назди қуттиҳои занбӯр меравад. Ӯ мегӯяд, ки занбӯрпарвар бояд ҳар рӯз чанд бор қуттиҳоро назорат кунад. Зеро ҳашароти зараррасон, занбӯрҳои бегона ва дигар омилҳо метавонанд ба оилаи занбӯр осеб расонанд.
«Дар баробари душвориҳо, ин шуғл кайфият ҳам дорад. Вақте баҳор меояд, табиат зинда мешавад. Дарахтон мешукуфанд, гулу гиёҳ мерӯяд ва занбӯрҳо аз қуттиҳо баромада, ба ҷамъоварии шаҳд мераванд. Аз гул ба гуле менишинанду зарра-зарра гард ҷамъ мекунанд. Баъд аз ҳамин асал ҳосил мешавад. Дар ҳавлӣ ҳам гулу дарахтони зиёд дорем ва ҳамаи инро бо чашмони худ мебинем.»,-мегӯяд Зулфиза.
Ҳашт соли меҳнат самари хуб ба бор овард. Зулфиза шумораи қуттиҳои занбӯрашро аз 2 ба 48 адад расонд. Зиёд кардани шумораи оилаҳои занбӯр осон набуд. Барои ин заҳмати зиёд, сабру тоқат ва масъулияти ҳамарӯза лозим буд. Аммо ҳадафи Зулфиза равшан буд, яъне беҳтар кардани зиндагии оила ва афзун намудани даромади хонавода.
Имрӯз ӯ дар як мавсим аз қуттиҳои худ беш аз 300 литр асал мегирад. Асал вобаста ба навъ ва шароити бозор, яъне як килограмаш 100–120 сомонӣ ба фурӯш меравад. Дар як сол ду маротиба асал мегиранд. Дар Ҷамоати деҳоти Айвоҷи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки кишоварзӣ ва чорводорӣ аз манбаъҳои асосии даромади мардум ба ҳисоб мераванд, занбӯриасалпарварӣ низ тадриҷан ҷойи худро пайдо мекунад.
Шавҳари Зулфиза низ то замоне ки шумораи қуттиҳо кам буд, барои кор ба Русия мерафт. «Акнун шавҳарам дигар ба муҳоҷират намеравад. Ҳарду ба нигоҳубини занбӯрҳо ва кишоварзӣ машғул ҳастем.»,-мегӯяд Зулфиза. Ӯ соҳиби чаҳор фарзанд аст ва бо хусуру хушдоман ва бародарони шавҳараш дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунад.
Барои чунин як оилаи калон даромади устувор муҳим аст. Ба гуфтаи Зулфиза, яке аз бартариҳои занбӯриасалпарварӣ дар он аст, ки асал зуд вайрон намешавад.
«Агар шароити нигоҳдорӣ дуруст бошад, асалро метавон муддати дароз нигоҳ дошт ва дар вақти зарурӣ ба фурӯш баровард. Аз ҳамин ҷиҳат, ин шуғл барои оилаҳои деҳот метавонад манбаи хуби даромади иловагӣ бошад.»,-мегӯяд ӯ.
Зулфиза имрӯз на танҳо асал мефурӯшад, балки занбӯр ҳам парвариш карда, ба дигарон мефурӯшад. Ба гуфтаи ӯ солҳои охир таваҷҷуҳи сокинони дигар ҷамоату деҳоти ноҳияи Шаҳритус ба занбӯриасалпарварӣ бештар шудааст. Як оилаи занбӯр, ки аз ду сетка ё рамка иборат аст, то 200 сомонӣ арзиш дорад. Ҳадафи ояндаи Зулфиза зиёд кардани шумораи қуттиҳои занбӯр ва аз ҳисоби ин шуғл боз ҳам беҳтар кардани вазъи иқтисодии оилааш аст.
Амонҷон Муҳиддинов




