МУВАФФАҚИЯТ190 миллион доллар барои Тоҷикистон: ду лоиҳаи нави иқлимӣ...

190 миллион доллар барои Тоҷикистон: ду лоиҳаи нави иқлимӣ тасдиқ шуд

-

Аз 29 июн то 2 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз (Green Climate Fund) баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва аъзоёни Шурои Фонди мазкур, намояндагони созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва коршиносон иштирок намуда, масъалаҳои муҳими вобаста ба фаъолияти Фондро баррасӣ намуда, лоиҳаҳои навро дар самти мубориза бо пайомадҳои ногувори тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳокима ва тасдиқ намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур барои Тоҷикистон 2 лоиҳаи нави муҳим бо арзиши умумии 190 миллион доллари ИМА тасдиқ гардид, ки аз он 62 миллион долларашро грант ё кӯмаки бебозгашти Фонди Иқлими Сабз ташкил медиҳад.
Лоиҳаи якум бо маблағи 30 миллион доллари ИМА барои дастгирии 14 шаҳру ноҳияи мамлакат ҷиҳати беҳтарсозии ҷомеаҳои осебпазир, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об ва таъсиси фонди боғҳои мевадиҳанда равона карда мешавад.
Лоиҳаи дуюм баҳри азнавсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ ва корезии шаҳрҳои Роғун, Данғара ва Хуҷанд равона гардида, инчунин таъмири шабакаҳои обёрикунӣ ба амалӣ карда мешавад. Ин лоиҳа бо ҷалби маблағҳои грантии Фонди Иқлими Сабз ва қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) татбиқ мегардад.
Дар маҷмӯъ, дар доираи ҷаласаи мазкур дар шаҳри Душанбе — 11 лоиҳа барои 10 кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла, кишварҳои Индонезия, Непал, Сурия, Африқои Марказӣ, Кот-дивуар, Того, Фиҷӣ, Лаос, Ветнам, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба маблағи умумии 700 миллион доллари ИМА тасдиқ карда шуд, ки аз ин 369 миллион долларро маблағгузории худи Фонди Иқлими Сабз ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии лоиҳаҳои аз ҷониби Фонди Иқлими Сабз маблағгузоришаванда барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар маҷмуъ 20,1 миллиард доллари ИМА-ро дар бар мегирад.
Дар натиҷаи ҳамкориҳо бо ин Фонди бонуфуз, то ин давра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 лоиҳа бо маблағи умумии 173,5 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодаанд. Ин лоиҳаҳо барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, энергетика, беҳтар намудани иншоотҳои обрасонӣ, хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ ва баланд бардоштани устувории мардуми минтақаҳои кӯҳӣ ба хатарҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим равона карда шудаанд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати Apple ҳушдор дод

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати амрикоии Apple ҳушдор дод. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ширкат бояд шароити...

Tesla: Сабаби садамаи марговар автопилот набуд, балки ронанда буд

Ширкати Tesla иддао дорад, ки ронанда, на низоми автопилот, дар садамаи марговаре, ки бо иштироки мошини барқии Model 3...

Мукотиба бо ChatGPT ҳамчун «далел» дар парвандаи сӯхтори марговар ҳисоб нашуд

Ҳайати ҳакамон дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА натавонист оид ба парвандаи Ҷонатан Риндеркнехт, ки ба қасдан оташ задан муттаҳам мешавад,...

Додгоҳ дар Маскав Apple-ро 500 ҳазор рубл ҷарима кард

Судии ноҳияи Таганскии шаҳри Маскав ширкати Apple-ро 500 ҳазор рубл ҷарима кард. Apple тибқи қисми 1.1 моддаи 13.31 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои...
spot_imgspot_img

App Store VK-ро ҳазф кард. Русия вокуниш кард

Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва иртибототи оммавии Федератсияи Русия аз Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия дархост кардааст, ки масъалаи риоя...

Samsung хизматрасонии зеҳни сунъиро барои санҷиши саломатии ҳайвоноти хонагӣ муаррифӣ кард

Ширкати Samsung дар намоишгоҳи VivaTech 2026 дар шаҳри Порис хадамоти нави зеҳни сунъиро барои санҷиши ибтидоии вазъи саломатии ҳайвоноти...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад