МУВАФФАҚИЯТНашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

Нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

-

Аксҳо аз сомонаи mfa.tj

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом шудааст. 

«Таърихшиносону шарқшиносон аз Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, ИМА ва Ватикан дар тақризҳои навиштаи худ тарҷумаи китобро ба забони олмонӣ, ки яке аз забонҳои муҳими илмӣ мебошад, иқдоми саривақтӣ ҳисобида, онро дар шинохти таъриху тамаддуни қадимаи миллати тоҷик нақшофар арзёбӣ кардаанд. Таъкид шудааст, ки тарҷумаи олмонии китоби “Тоҷикон” доираҳои илмӣ ва маъхазҳои шарқшиносии кишварҳои Ғарбро боз ҳам ғанӣ гардонида, ба ташаккули афкори илмӣ нисбат ба таъриху тамаддуни тоҷикон ва дигар халкҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.»,-хабар медиҳад Вазори корҳои хориҷии Тоҷикистон..

“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби дипломати тоҷик Соҳибназар Ғайратшо Қаноатшо ба забони олмонӣ тарҷума ва мураттаб шуда, дар нашриёти олмонии “Ферлаг Восток Берлин” ба табъ расид.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Нетаняҳу талаб кард, ки номи сарбозону афсарони дар филми мустанади NAZA назар додаанд, ошкор ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад

Сарвазири Исроил дастур додааст, ки шахсияти афсароне, ки дар филми мустанади NAZA мусоҳиба додаанд, ошкор карда шавад. Ин филм...

Ҷаласа ҷиҳати омодагиҳо ба даври сеюми Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»

12-уми октябри соли 2026 дар Вазорати фарҳанг бо иштироки Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Комиссияи Озмуни...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад