ҲАЁТИ СОЛИМБАРАНДАИ МЕДАЛҲОИ БИРИНҶӢ ДАР ЛИГАИ ОЛӢ КӢ ХОҲАД БУД?

БАРАНДАИ МЕДАЛҲОИ БИРИНҶӢ ДАР ЛИГАИ ОЛӢ КӢ ХОҲАД БУД?

-

Бозиҳои даври 26-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 23-24 ноябр баргузор шуданд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар бозӣ миёни дастаҳои “Истаравшан” – КМВА, ки бояд барандаи медалҳои биринҷиро муайян мекард, мусовӣ (0:0) анҷом ёфт. Акнун тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври ҷамъбастӣ ҳал мегардад. Дар даври 27-ум 5-уми декабр КМВА дар майдони худаш бо “Хуҷанд”, “Истаравшан” дар меҳмонӣ бо “Душанбе” вомехуранд.
Дар бозии дигари даври 26-ум «Хатлон» бар тими «Душанбе» бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати тими ғолиб Нуриддин Ҳамроқулов ду гол, Парвиз Боқӣ-Охунов як гол заданд.
«Истиқлол» ба дарвозаи тими «Файзканд» панҷ голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов ду гол, Алишер Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев, Рустам Соиров якголӣ ба номашон сабт карданд. Дар доираи ин бозӣ ба тими “Истиқлол”, ки қабл аз муҳлат ба унвони чемпионӣ расид, ҷом ва медалҳои тилло тақдим карда шуд.
«Хуҷанд» бошад, тими «Эсхата»-ро шикаст дод – 2:1. Бозингари “Эсхата” Дилшод Каримов ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро кушод. Голи дуюми “Хуҷанд”-ро Артём Сердюк зад. Бонкчиҳо тавассути зарбаи нишонраси Иброҳим Эшонхонов як гол заданд.
«Равшан» дар майдони худ аз тими «Куктош» бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Бозингари дастаи “Куктош” Азизбек Султонов ду гол зад. Мизбонон тавассути зарбаҳои нишонраси Аваз Қамчинов ва Далер Шомуродов ҳисобро баробар карданд, вале 4 дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии бозӣ Амирҷон Сафаров голи пирӯзиовари тими ноҳияи Рӯдакиро зад.

 ҶОЙ   ДАСТАҲО                                     Б       Ғ       М      Б       Т-Т       Х 
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  25  20  4  1  76-8  64
 2  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  25  17  3  5  52-25  54
 3  КМВА (Душанбе)  26  11  8  7  36-29  41
 4  «Истаравшан» (Истаравшан)  26  11  6  9  28-25  39
 5  «Хатлон» (Бохтар)  26  10  6  10  29-31  36
 6  «Равшан» (Кӯлоб)  26  7  8  11  27-34  29
 7  «Эсхата» (Хуҷанд)  26  8  3  15  32-49  27
 8  «Файзканд» (Восеъ)  26  7  5  14  18-36  26
 9  «Куктош» (Рӯдакӣ)  26  7  5  14  37-56  26
 10  «Душанбе» (Душанбе)  26  4  6  16  23-65  18
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роскомнадзор: YouTube дархости моро сарфи назар кард

Шабакаи YouTube сарфи назар аз талаботи Роскомнадзор, беш аз 60 ҳазор маводро, ки ин ниҳод ғайриқонунӣ медонад, ҳазф накарааст....

CAFA-2024: Эрон медали тиллоро соҳиб шуд

Championship CAFA 2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба поён расид. Дувумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи...

Vivo X100s-ро тавонотарин смартфон меҳисобед?

Vivo X100s тавонотарин телефон дар назарсанҷиҳои чанд ширкат дониста шудааст. Маҳсулоти нав бо эҳтимоли зиёд нимаи аввали соли 2024...

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...
spot_imgspot_img

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад