ОЛАМИ МАҶОЗӢЭълони визаи корӣ барои тоҷикон дурӯғ аст!

Эълони визаи корӣ барои тоҷикон дурӯғ аст!

-

Эълони хабари қалбакӣ, ки зиёд мубодила шуд

Эълони додани визаи корӣ ба 66 ҳазор донишҷӯю шахси бекор аз ҷониби Ҳукумати Амрико дурӯғ аст. Чанд рӯз аст, ки бо чунин мазмун эълоне паҳн мегардад, ки гӯё «Ҳукумати Амрико 66,000 кортҳои визаи кориро ба донишҷӯён ва бекорони тоҷикистонӣ пешниҳод мекунад.
Онҳое, ки таффакури интиқодӣ доранд, медонанд, ки чунин эълон ба хотири ба даст овардани маълумоти шахсӣ ва маблағ паҳн мегардад. Матни эълони қалбакӣ аз дигар забон тариқи барнома тарҷума шуда, ҷумлаҳо аз рӯйи қоидаи забонӣ навишта нашудаанд. Сомонае, ки тавассути он бояд муроҷиат сурат гирад, расмӣ нест.

Сафорати ИМА тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст, ки паҳн шудани ин эълонҳои тақаллубӣ огоҳ аст.

«Дар асл чунин барнома эълон нашудааст. Намудҳои раводиди кориро дар сомонаи www.travel.state.gov пайдо кардан мумкин аст. Аксари намудҳои раводидҳои корӣ барои шахсоне мебошанд, ки аз ҷониби корфармои ИМА сарпарастӣ карда мешаванд ё ба таври дигар танҳо барои шаҳрвандони кишварҳои алоҳида таъин шудааст. Рӯйхати ин кишварҳоро Вазорати амнияти миллӣ (DHS) нашр мекунад.
Сафорати ИМА ба мардум маслиҳат медиҳад, ки ягон маълумоти шахсиро ба вебсайтҳое, ки бо ИМА алоқаманд нестанд, пешниҳод накунанд. Сафорат ё дигар вебсайтҳои расмии ИМА-ро дар суроғаи gov муайян кардан мумкин аст. Мо сайёҳони ояндадорро ташвиқ мекунем, ки аз абзори VISA WIZARD истифода баранд, то беҳтарин навъи раводидро барои сафари худ интихоб кунанд.», -омадааст дар иттилоияи ин сафорат. 
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад