МУВАФФАҚИЯТИштироки Муҳаммадҷон Холов дар Шоу-и Андрей Малахов

Иштироки Муҳаммадҷон Холов дар Шоу-и Андрей Малахов

-

Муҳаммадҷон дар Телевизиони «Россия 1» Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии қаҳрамон

Муҳаммадҷон Холов, ҳунарманди маълули мо, ки ҳудуди 20 сол аст бо асобағал роҳ меравад, пас аз иштирок дар Шоубарномаии шомгоҳии Андрей Малахов Песни от всей души (Суруд аз таҳти дил) ба Ватан багашт.

Муҳаммад ба Малахов  сипосномаи Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо супурдааст.

Баъд аз танзиму тадвини барнома умед аст, ки дар наздиктарин фурсат он тариқи телевизиони «Россия 1» пахш мешавад.

Шоу-барномаи «Песни от всей души» рӯзҳои якшанбе соати 17:50 (ба вақти Маскав) тариқи шабакаи телевизионии «Россия 1» пешниҳоди бинанда мегардад.

Андрей Малахов қаҳрамонони нави хешро  атрофи як мизи калон ҷамъ меорад. Истеъдодҳои нодир аз кишварҳои гуногун ҷалб мегарданд  аз саргузашти хеш қисса мекунанд, суруд мехонанд.

Ӯ ба Малахов  сипосномаи Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо супурдааст.

Муҳаммад Холов соли 2022, пас аз 16 соли ноумедӣ, тангдастӣ ва сарсонию бенавоӣ тавонист дар Озмуни Central Asia’s Got Talent ширкат намояд ва дубора ба зиндагии муқаррарӣ дилгарм шавад. Бо қарори якдилонаи ҳайати ҳакамон ба даври ниҳоӣ роҳхат ба даст овард, вале дар даври ниҳоии Central Asia’s Got Talent ноумед шуд.

Муҳаммад Холов 11 сенябри соли 1974 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон буда, дар даҳаи охири қарни гузашта бо шӯхӣ ва тақлидҳояш дар ҳайати гурӯҳи ҳаҷвии Ғарибшо маҳбубият ба даст оварда буд.

Дар тӯй ва маъракаҳо иштирок ва табъи мардумро болида месохт. Дар авҷи шӯҳрат ба садамаи нақлётӣ дучор шуд. Баъд аз ин ҳодиса зиндагиаш куллан тайғир ёфт. Муҳаммад саҳнаро тарк кард, зеро, роҳ рафтан барояш душвор шуда буд. Дигар ба тӯю маъракаҳо намерафт, базмҳо бидуни иштироки ӯ доир мешуданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад