МУВАФФАҚИЯТВайс Асоев: кашидани портретро бад мебинам

Вайс Асоев: кашидани портретро бад мебинам

-

Вайс Асоев, рассом, тарроҳи курта, лоиҳакаш ва дизайнер-интерер буда, вале миёни ҳеҷ кадоме аз ҳунарҳояш фарқ намегузорад ва намедонад, ки барояш кадоме аз онҳо касби асосӣ ҳастанд.

Қаҳрамони мо хатмкардаи Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов буда, инчунин Академияи сохтмонӣ ва меъмории шаҳри Алмааторо бо ихтисосӣ меъмор ба поён расонидааст.

Вайс пас аз хатми мактаби олии шаҳри Алмаато ба Ватан баргашта, дар чанд ширкати сохтмонӣ меъморӣ намудааст. Вале бинобар камии маош кори дӯстдоштаашро тарк кард:

“Аз хӯрдӣ кореро анҷом медиҳам, ки бароям писанд аст. Ҳоло ҳам кори дӯстдоштаамро мекунам ва ҳамчунин фоидаи моддӣ ба даст меорам.”

Вайс бо тарроҳони муваффақи кишвар ошноӣ дорад. Нахуст Хуршед Сатторов пешниҳод кард, ки дар студияаш рассомӣ кунад, яъне, тарҳи либосҳоро кашад. Пас аз қатъи ҳамкорӣ бо Хуршед Сатторов бо тарроҳони дигар аз ҷумла, Умед Кучкалиев, Нафиса Имронова ва Зулола Абутуробова ҳамкориро оғоз карда, то ҳол идома медиҳад.

Айни ҳол тарҳи либос меофарад, дизайнер-интерер аст ва ҳам дар девор расм мекашад.

Дар Тоҷикистон тайи  3-4 соли охир рассомӣ дар девор маъмул гашта, мардум ба ин навъи санъат бисёр таваҷҷуҳ мекунанд. Вайс ҳам аз ҷумлаи ҷавонони эҷодкор мебошад, ки  наздики 2 сол мешавад, дар девор расм мекашад ва вақти зиёдашро ба ин кор сарф мекунад. Даромади бештараш низ аз ин ҳисоб аст.

“Баъзан фармоишгарон худашон бо идеяи худ муроҷиат мекунанд, ки дар деворашон ин ё он расмро офарем. Ба бархеи дигар мо пешниҳод мекунем, ки ин ё он тасвирро дар девор кашем. Фармоиши тавир дар девор зиёданд. Вале кори заҳматталаб буда, барои офаридани бархе аз ин тасвирҳо як моҳ сарф мешавад.”

Ҳини пиёдагардӣ, дидани фаввораҳо ва дар вақти қаҳванӯшӣ нӯшидан илҳоми эҷодии Вайс меояд.

“Агарчи суҳбат ба одамон бароям нерӯ мебахшад, вале портреткаширо бад мебинам.”,-мегӯяд Вайс Асоев.

Вайс Асоев тарҳи 15 либоси навро рӯйи коғаз оварда, аввалин намоиши либосро дар пойтахт доир карданист. То кунун 10 намоиши расмҳояш дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардидаанд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад