Пас аз ба мақоми президентӣ расидани Доналд Трамп, Британия ба яке аз ҳадафҳои асосии ҳамлаҳои киберӣ ва фаъолиятҳои ҷосусии Русия табдил ёфт. Дар ин бора, бо истинод ба як манбаи баландпояи ҳукумати Британия, нашрияи Times хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, Британия барои Русия ҳадафи рақами як аст. Аз аввали соли ҷорӣ хадамоти махсуси Подшоҳии Муттаҳида афзоиши ҳамлаҳои «гибридӣ»-и Русияро сабт мекунанд, аз ҷумла, ҳамлаҳои киберӣ ва кӯшишҳои диверсионӣ ба зерсохторҳои муҳими кишвар.
Ин мансабдори бритониёӣ сабаби таваҷҷуҳи шадиди Русия ба Британияро ба гармишавии муносибатҳои байни Маскав ва Вашингтон дар давраи президентии Трамп марбут медонад. Ба гуфтаи ӯ, чунин вазъ ба Русия имкон намедиҳад, ки мустақиман дар қаламрави ИМА фаъолият кунад.



