МУВАФФАҚИЯТҲосили сеюми банан дар як сол. Ин дарахт чанд...

Ҳосили сеюми банан дар як сол. Ин дарахт чанд бор ҳосил медиҳад?

-

Маъруф Қаюмов, сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон имсол ҳосили сеюми дарахтони бананашро мечинад. Ду соли ахир аст, ки хонаводаашро бо ин навъи мева таъмин менамояд. Бист адад ниҳолро аз Ӯзбекистон барои таҷриба овард ва талошҳояш натиҷа доданд.

Ӯ чандон бовар надошт, ки чунин навъи мева ба иқлими минтақаи онҳо тобовар буда, ҳосил медиҳад.

Ҷайҳун аз ноҳияҳои пешсаф дар истеҳсоли лиму маҳсуб ёфта, ҳамасола аз ин ноҳия даҳҳо тон лимуи хушсифат истеҳсол ва ба хориҷ содир мегардад. Маъруф мехоҳад парвариши меваҳои тропикиро дар мамлакат бештар намояд. Ӯ на танҳо банан, балки меваи африқоии папаяро низ парвариш кардааст.

Дарахти бананро дар гармхона парвариш мекунад. Дар сардиҳои зимистон ҳарорати гармхона рӯзона 28 дараҷа ва шабона 18 дараҷа бояд бошад. Дарахти банан дар як сол 3 -4 маротиба ҳосил медиҳад. Ҳар як дарахт то 200 дона банан ба бор меорад.

«Мехоҳам анансро ҳам парвариш кунам ва маҳсулоти ватаниро зиёд карда, бозорҳои мамлакатро бо ин навъи маҳсулот таъмин намоям.»,-мегӯяд ӯ.

Маъруф қаблпн ба парвариши ниҳолони помидору қаламфур машғул буд. Деҳқонӣ ягона манбаи даромади хонаводааш аст.

Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
9
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Аз паси чархи кулолӣ ба сӯи орзу. Қиссаи ҷавони мубталои синдроми Даун

Муҳсинҷон Исматбоеви 29-сола гирифтори синдроми Даун аст. Ӯ 2 сол боз дар ҳавлии кулолгарии Қалъаи Хуҷанд ҳунари кулолгарӣ меомӯзад....

Форуми «3ZERO Data Fest». Лоиҳаҳои ҷавонон муаррифӣ шуданд

  Наврасону ҷавонон бо мураббиёни соҳибтаҷриба дар як Hackathon, ки рӯзҳои биступанҷум- бисту шашуми соли равон баргузор шуд, идеяҳои худро...

Аз умед то хатар

Се муҳоҷир, се орзу ва як схемае, ки ҷавононро дар роҳи Аврупо ба дом меандозад. Як посӣ шаб буд....

190 миллион доллар барои Тоҷикистон: ду лоиҳаи нави иқлимӣ тасдиқ шуд

Аз 29 июн то 2 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз (Green...
spot_imgspot_img

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати Apple ҳушдор дод

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати амрикоии Apple ҳушдор дод. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ширкат бояд шароити...

Tesla: Сабаби садамаи марговар автопилот набуд, балки ронанда буд

Ширкати Tesla иддао дорад, ки ронанда, на низоми автопилот, дар садамаи марговаре, ки бо иштироки мошини барқии Model 3...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад