БОЛҶонона: аз оилаи олмониам қадр кардани вақтро омӯхтам!

Ҷонона: аз оилаи олмониам қадр кардани вақтро омӯхтам!

-

Ҷонона Келдиева меҳмони навбатии мост. Ӯ ҳоло дар Олмон қарор дорад.

Мавсуф бо барномаи “Au Pair” имкон пайдо кард, ки ба Олмон роҳ ёбад. Яъне, ин барнома ба хориҷиён имкон медиҳад, ки дар оилаи олмонӣ зиндагӣ намуда, забони олмониро аз худ намоянд ва ҳам таҳсили хешро идома диҳанд.

Ба қавли Ҷонона, оилаи олмониаш вақте ба меҳмонӣ ва ё барои коре аз манзилашон берун мешаванд, кӯдаконро зери назорати ӯ мегузоранд. Яъне, Ҷонона пас аз волидон барои кӯдакон шахси масъул маҳсуб меёбад. Ӯ мегӯяд, оилаи олмониаш ба мисли оилаи тоҷикаш барояш азизу мӯътабаранд.

“Хуб шуд, ки ман ба Олмон омадам ва дар баробари оилаи аслии хеш боз як оилаи хубу меҳрубон пайдо кардам. Аз оилаи олмониам қадршиносии вақтро омӯхтам. Ба онҳо бобати эҳтироми волидайн аз ҷониби фарзандон дар Тоҷикистонро ҳамеша қисса мекунам.”, — афзуд ӯ.

Ҷонона гоҳо барои оилаи олмониаш хӯрокҳои тоҷикӣ мепазад. Аз ҷумла, шӯрбо, палаву самбӯса.

Ҷонона хатмкардаи зинаҳои бакалавр ва магистратураи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аст. Зинаи бакалаврро бо ихтисоси тарҷумон ва зинаи магистратураро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

“Ман дар рӯзҳои аввали донишҷӯӣ ба дарс ҳозир шуда натавонистам. Аз ин сабаб маро ба гурӯҳи забони немисӣ шомил кардаанд. Дар ибтидо намехостам, вале оҳиста-оҳиста ба омӯхтани ин забон пардохтам. Муаллимаи забони олмониам дар бораи Олмон қиссаҳои ҷолиб намуд ва муҳаббати маро нисбат ба ин кишвар бедор кард. Аз он вақт дар дил орзуи сафар ба ин кишварро мепарваридам. Пас аз хатми зинаи магистратура ва гузаштани курси забономӯзӣ тавонистам бо барномаи “Au Pair” ба ин кишвар оям.”, — нақл кард Ҷонона.

Тибқи барнома Ҷонона метавонад як сол дар хонаи оилаи олмонӣ зиндагӣ намояд. Дар сурати зид набудани оила ӯ метавонад дар ин хона иқомат намуда, таҳсилро аз рӯйи барномаҳои дигар идома диҳад. Хушбахтона, оилаи олмониаш зид нестанд, ки ин ҷавондухтари тоҷикистонӣ дар хонаи онҳо бошад.  

Ҷонона ҳам таҳсилашро дар Олмон идома доданист то мутахассиси қавӣ шуда ба Ватан баргардад. Ӯ дар Тоҷикистон ба ду масъалаи аз нигоҳаш муҳим, бесарпаноҳи ҳайвонҳо ва дарс аз фанни давлат ва ҳуқуқ дар мактаб-интернатҳо мароқ зоҳир хоҳад кард.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Абдурозиқ ба Ватан баргашт

Абдурозиқ баъди 7 моҳи дӯрӣ аз Ватан акнун ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ дар арафи Наврӯз омада, ба зодгоҳаш-шаҳри Панҷакент...

Роҳҳои дусатҳа дар Душанбе

Ба наздикӣ 5 роҳи дусатҳа сохта мешавад, ки дар онҳо роҳи махсус барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха ва пиёдагард...

Се таҳдиди буҳронҳои марбути об ба ҳаёти 190 миллион кӯдак

Се таҳдиди буҳронҳои марбут ба об ҳаёти 190 миллион кӯдакро зери хатар мегузорад.  ЮНИСЕФ даъват намудааст, ки ба иншооти...

BI.ZONE: ransomware ба ширкатҳои хусусӣ ҳамла мекунад

Ширкати идоракунии хатарҳои рақамии BI.ZONE гуфтааст, ҳакерҳо эҳтимоли бештари ҳамлаҳоро бо истифода аз барномаҳои рамзгузорӣ барои ғайрифаъол кардани системаҳои...
spot_imgspot_img

Евгений Баклушин: телефонҳо ба ширкатҳои истеҳсолкунанда тобеъ ҳастанд!

Телефонҳои ҳушманд бо ин ё он роҳ баъзе маълумоти корбарро, аз ҷумла ҷойгиршавӣ, паёмҳо ва рӯйхати тамосҳоро ҷамъоварӣ ва...

Патриот чаро гарон шуд?

  "Патриот"-и автомат идорашаванда дар фурӯш пайдо шуд. Аммо нарх метавонад шуморо ба ҳайрат орад. УАЗ ваъда медиҳад, ки истеҳсоли мошинҳои...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад