БИЗНЕС-КЛУБДорандаи 1 миллион $ гранти омӯзишӣ чаро ҷарроҳ шуданист?

Дорандаи 1 миллион $ гранти омӯзишӣ чаро ҷарроҳ шуданист?

-

Алишер Қосимов ният дорад, ки таҳсилро дар Донишгоҳи шаҳри Сан-Франсискои ИМА идома диҳад ва касби ояндаашро низ интихоб кардааст.
“Ҷарроҳи масъулиятшинос шуданиям. Ҷарроҳе, ки ба ҳама мизоҷон баробар нигоҳ кунад. Онҳоро ба дорову нодор ҷудо накарда, табобат намояд.”, — мегӯяд ҷавон.

Алишер Қосимов, хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд соҳиби гранти омӯзишӣ ба маблағи 1 миллион доллар гардида, имкони идомаи таҳсил дар яке аз ҳашт донишгоҳи бонуфӯзи Амрико ва як донишгоҳи Швейтсарияро ба даст овард.
Аллакай 9 донишгоҳҳои бонуфӯзи ин кишварҳо бо ирсоли мактуби расмӣ омодагии худро ба қабули хонандаи тоҷик тариқи буҷавӣ эълон намудаанд, ки маблағи умумии он беш аз 1 миллион долларро ташкил медиҳад.

Алишер Қосимов як тан аз хонандаҳои фаъоли Литсей ба ҳисоб рафта, соли ҷорӣ дар озмунҳои HIPPO Olympiad ва Bismuth фосилавӣ ширкат ва мақомҳои намоёнро ишғол кард. Ҳамчунин эссеи навиштаи ӯ баҳои баланд гирифт.
“Аз ҳаёти макабӣ эссе навиштам. Яъне, дар эссе мушоҳида ва лаҳзаҳое, ки дар он масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии ман дарҷ гардидааст. Онро дар давоми 4 моҳ навиштам. Аввал, эссеро дар сиёҳнавис ба забонҳои русию анлисӣ навишта будам. Сипас бо ёрии муаллимони кордони литсей онро таҳрир кардам.”, — ба ёд меорад Алишер.

Алишер Қосимов ба директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Негматова ва дигар устодонаш изҳори сипос мекунад, ки ҳамеша ӯро дастгирӣ менамоянд.

Файзуллохон Обидов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
12
+1
4
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Абдурозиқ ба Ватан баргашт

Абдурозиқ баъди 7 моҳи дӯрӣ аз Ватан акнун ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ дар арафи Наврӯз омада, ба зодгоҳаш-шаҳри Панҷакент...

Роҳҳои дусатҳа дар Душанбе

Ба наздикӣ 5 роҳи дусатҳа сохта мешавад, ки дар онҳо роҳи махсус барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха ва пиёдагард...

Се таҳдиди буҳронҳои марбути об ба ҳаёти 190 миллион кӯдак

Се таҳдиди буҳронҳои марбут ба об ҳаёти 190 миллион кӯдакро зери хатар мегузорад.  ЮНИСЕФ даъват намудааст, ки ба иншооти...

BI.ZONE: ransomware ба ширкатҳои хусусӣ ҳамла мекунад

Ширкати идоракунии хатарҳои рақамии BI.ZONE гуфтааст, ҳакерҳо эҳтимоли бештари ҳамлаҳоро бо истифода аз барномаҳои рамзгузорӣ барои ғайрифаъол кардани системаҳои...
spot_imgspot_img

Евгений Баклушин: телефонҳо ба ширкатҳои истеҳсолкунанда тобеъ ҳастанд!

Телефонҳои ҳушманд бо ин ё он роҳ баъзе маълумоти корбарро, аз ҷумла ҷойгиршавӣ, паёмҳо ва рӯйхати тамосҳоро ҷамъоварӣ ва...

Патриот чаро гарон шуд?

  "Патриот"-и автомат идорашаванда дар фурӯш пайдо шуд. Аммо нарх метавонад шуморо ба ҳайрат орад. УАЗ ваъда медиҳад, ки истеҳсоли мошинҳои...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад