ИСТЕЪДОД

Чатре ки рӯяш борони мева мерезад (Видео)

Гурӯҳе аз ҷавонон дар шимолии Тоҷикистон дастгоҳеро сохтаанд, ки дар ҷамъоварии мева нерӯи ҷисмониро кам ва даромади деҳқонро меафзояд. Ин дастгоҳ худкор аст ва ду нафар дар фурсати кутоҳ метавонад бо истифода аз он меваи зиёду босифатро ҷамъоварӣ намояд.

Зардолуи боғдорони Суғд ба ҷуз аз бозорҳои дохила дар бозорҳои Қазоқистону Русия ва дигар кишварҳо низ серхаридор аст. То имрӯз боғдорон меваи зардолуро бо ҷалби даҳҳо кироякор мечиданд. Бар замми ин, ҳангоми афшонидан, меваи пухтарасида бештар болои буттаву хок афтода, осеб мебинад, ки дар ниҳоят ба сифату нархи маҳсулот таъсири манфӣ мерасонад.

Чанде аз боғдорони суғдӣ ба гурӯҳи ҷавонони “Парки техники”-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсат дар шаҳри Хуҷанд пешниҳод кардаанд то дастгоҳҳоеро созанд, ки кори босифат анҷом диҳад ва бар замми ин, хараҷоти деҳқононро кам намояд.

Абдураҳмон Маҳмудов, директори “Парки техникӣ” мегӯяд, онҳо дастгоҳеро бо ном “Чатри худкор” сохтанд, ки барои беҳтар гардидани вазъи молиявии боғдорон муфид буда, шумори қувваи кориро аз 6 нафар то ба 2 нафар мерасонад:

“Як духтар аз ноҳияи Айнӣ ва як ҷавон аз Ашт ба мо дар масъалаи ҷамоварии мева муроҷиат карданд. Мушкилашон ин буд, ки онҳо вақти холигии худро ба ғайр аз ҷамъоварии мева ба корҳои дигари эҷодӣ наметавонанд ҷудо кунанд. Аз сабабе, ки нерӯяшон зиёдтар ба меҳнати ҷисмонӣ сарф мешуд ба донишомӯзӣ фурсати кам меёфтанд. Ба сари замин рафтем ва дидем, ки боғдорон бо усули анъанавӣ бо истифода аз чодар мева ҷамъоварӣ мекунанд ва 6-8 нафар ба ин кор ҷалб шуда заҳмат мекашанд, ки воқеъан кори вазнин низ буд. Мо якҷо бо мутахассисону боғдорон роҳи ҳалли ин муамморо ёфтем ва “Чатри худкор”-ро сохтем, ки нерӯи ҷисмониро кам ва вақти ғунучини меваи зардолуро тезонид.”

Чатри худкор

Чатри доирашакли худкори сохтаи ҷавонон дар кишварҳои мутараққӣ чизи нав нест, вале дар шароити боғдории Тоҷикистон нав аст. Қутри ин дастгоҳ аз 4 то 7 метр буда, барои корбурди он ду нафар кифоя аст. Дастгоҳ ба таври худкор ба дарахт печида, як нафар дастгоҳро идора мекунад нафари дуюм мева меафшонад. Меваи рӯйи чатр рехта лента чархида, меваро дохили қуттиву зарфҳо мерезад, ки дигар нерӯ барои ҷамъоварӣ сарф намешавад.

“Яъне, барои ҷамъоварии меваи як бех дарахт меҳнати чаҳор кас сарф нагардида, ин корро ду кас иҷро мекунад. Агар бо усули анъанавӣ дар як рӯз ҳосили 20 бех дарахт ҷамъоварӣ шавад, тариқи ин чатр меваи то 40  бех зардолуро ҷамъоварӣ кардан мумкин аст.”,-А. Маҳмудов

Абдураҳмон Маҳмудов, директори “Парки техникӣ” ва яке аз ҷавонони ташаббускор мегӯяд, дастгоҳи сохтаи онҳо қувваи корӣ ва харҷи маблағро кам мекунад. Барои мисол, қаблан боғдорон барои ҷамъоварии меваи 25 бех дарахти зардолу 6 нафар кироякорро ҷалб намуда,  барои афшонанда 70 сомонӣ, барои 5 чинакчӣ 80 сомонӣ дар рӯз пардохт карда, 60 сомонӣ роҳкиро пардохт мекарданд, ки ҷамъ беш аз 500 сомонӣ мешавад.

Ҳаққи ду коргар ва кирояи чатри худкор дар як рӯз 300 смонӣ ҳисоб шуда, меваи то 40 бех дарахтро ғунучин кардан имкон дорад. Самаранокии дастгоҳ низ дар он аст, ки ҳангоми афшонидан меваи пӯхтарасида рӯйи замин намерезад, балки бе захм ва босифат ба даст меояд. 

“Сол аз сол талабот ба сифати тармева ва хушкмеваи зардолу, ки аз Тоҷикистон ба хориҷ содир мешавад, меафзояд. Харидорони хориҷӣ талаб доранд, ки мева босифат ба дасташон расад. Тариқи дастгоҳи мо мева босифат ҷамъоварӣ шуда, арзиши ниҳоии он низ боло меравад.”

Ҷавонони “Парки техники”-и донишгоҳ мегӯянд, барои сохтани чатри худкори қутраш 4-метра аз 1500 то 2000 сомонӣ ва барои чатри қутраш 7- метра аз 3500 то 4000 сомонӣ маблағ сарф мешавад. Бо ин маблағ боғдорон ҳам соҳиби дастгоҳ мешаванд ва ҳам солиёни зиёд аз он истифода бурда дар мавсими ғунучини мева камтар кироякор ҷалб мекунанд.

Дастгоҳ бо дастгирии ЮНИСЕФ дар доираи барномаи “Пешсаф” сохта шудааст.

Ҳалим Ҷӯраев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button