Маориф

Дар меҳмонии устоди падарам

Аҳлидин Салимов, рӯзноманигори тоҷик, ки ҳоло дар Амрико қарор дорад, аз дидораш бо устоди риёзие нақл мекунад, ки беш аз 30 сол дар Тоҷикистон фаъолият намуда ва то ҳол омӯзгорон аз маслиҳату машвараташ бенасиб намемонанд.

«Тӯли се сол аст дар штати Ню-Йорк зиндагӣ мекунам ва дар ин муддат бо муаллим Шамуэл Фатахов тамоси телефонӣ доштем. Пандемияи Ковид нагузошт мо пештар ба зиёраташон равем. Ҳамеша аз аҳволи мо бохабар ҳастанд ва пайваста насиҳату маслиҳатгари моянд.

Ӯ давоми 33 сол дар мактаби №44 (ҳоло мактаби №122)-и маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсӣ (н. Рӯдакӣ) аз фанни риёзӣ дарс гуфтаанд. Ва соли 1988 маҳалларо ба қасди муҳоҷарат ба зодгоҳашон шаҳри Самарқанд ва баъдан ба Амрико тарки ёру дӯстон мекунанд. Ҳоло бештар аз 25 сол аст дар шаҳри Ню-Йорк бо пайвандонашон зиндагӣ доранд. Тӯли ин солҳо аз шароити муъаллимони мактаб огоҳ буда, пайваста ба онҳо кӯмаки моддӣ мерасонданд…

Падарам ҳамеша аз муъаллимонашон ба некӣ ёд мекунанд. Бахусус аз муъаллим Фатахов, ки ҳамеша ғамхори шогирдон ва самимияту фидокориҳояшон қиссаҳо мекарданд. Вақте Амрико омадам падарам мепурсиданд, ки чӣ гуна муъаллим Фатаховро пайдо кунам ва аз аҳволашон бохабар шавам. Билохира баъди як муддат шумораи телефонашонро пайдо кардам ва бо муъаллим тамос гирифтам…

Дар манзили муъаллим дастархон бо таомҳои милии тоҷикӣ ороста буд. Бештар аз 25 сол дур шудан аз тоҷикон ва фарҳанги тоҷикӣ дар гуфтору амалашон таъсир нарасондааст…

Аз дидори мо фарзандони шогирдашон бисёр хушҳол шуданд ва аз фаъолияташон дар мактаб қиссаҳо карданд. Аз ҳамкоронашон муаллимаи марҳума Султонова Хосият ва фарзандонашон ва муаллимон Раҷабов, Ҳамроев, Ҷунайдов, Юнусова, Алиев М, Саидов, Салимова, Раҳимова ва дигар ҳамкорону шогирдонашон зикри хайр карданд ва ном ба ном аз аҳволашон аз мо пурсон шуданд. Гуфтанд: “мо бо ҳамкорон мисли бародару хоҳар будем ва тамоми талошамон дар таълим ва тарбияи шогирдон равона буд…”

Аз тариқи телевизион аз ахбор ва таҳаввулоти Тоҷикистон бохабар ҳастанд ва зебогии шаҳри Душанбе ва Тоҷикистонро тавсиф карданд.

Дар баробари ин, мо аз шиносоӣ ва лутфи муъаллим бисёр хушҳол шудем ва аз насиҳатҳояшон баҳраманд гардидем.»

Аҳлиддин Салимов аз Амрико

https://www.facebook.com/sa1im0v

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button