ҲАЁТИ СОЛИМБоре кӯшиш намудӣ, ки садои дили ношунаворо шунавӣ?! (Видео)

Боре кӯшиш намудӣ, ки садои дили ношунаворо шунавӣ?! (Видео)

-

Роҳгузарон баёни ному насаби хешро бо имову ишора имтиҳон карданд. Барои ин кор устодони забони имову ишора ба онҳо кумак карданд. Ҳадаф ин буд, ки шахси шунаво тавонад садои дили ношунаворо шунавад ва дар ҳолатҳои зарурӣ кумак намояд.

Ин кор охири ҳафтаи гузашта, дар Боғи Курӯши Кабир сурат гирифт. Ёдовар мешавем, ки 8 октябр Рӯзи байналмилалии забонҳои имову ишора ва тарғиби забони имову ишораи тоҷикӣ дар Душанбе таҷлил шуд. Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ҷамъияти маюбони “Имконият”, Иттиҳодияи  миллии ношунавоёни Тоҷикистон, Маркази рушди забони имову ишора ва омӯзиши ношунавоёни Тоҷикистон, Клуби варзишии IRBIS бо дастгирии Барномаи волоияти қонуни Барномаи Рушди СММ ва Вазорати корҳои хориҷии Финляндия баргузор гардид.

Дар он шумораи зиёди шахсони маъюбиятдошта, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва сокинони пойтахт иштирок карданд. Чорабинии фарҳангиву варзишӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забони имову ишораи тоҷикӣ ташкил гардида буд.

Забонҳои имову ишора дорои тамоми хусусиятҳои расмии забони инсонӣ мебошад. Он дорои грамматикаи бойи визуалии ба худ хос мебошад, ки онҳо забонҳои ҳар як фарҳанганд (забони имову ишораи универсалӣ вуҷуд надорад) ва аз ин рӯ онҳо рушд мекунанд.

Тибқи маълумоти Федератсияи умумиҷаҳонии ношунавоён, дар натиҷаи гуногунрангии фарҳангӣ дар ҷаҳон зиёда аз 300 забони имову ишора вуҷуд дорад. 

Дар ҷомеаи ношунавоҳо, ҳам одамони ношунаво ва ҳам одамоне, ки бо онҳо муносибат мекунанд, илова бар ному насаби худ, аломати шахсӣ низ доранд, ки бо ин аломат онҳо муайян карда мешаванд.

Шодмон Кенҷаев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Дар кадом навъи Samsung хати сабз пайдо мешавад?

Дар дисплейи баъзе аз телефонҳои Galaxy S21 хати сабзи борик пайдо мешаванд. Сабаби дақиқ маълум нест, аммо он метавонад...

Мушкилоти келинҳои донишҷӯ

Зиндагии донишҷӯ-келинҳо соддаву оддӣ нест. Ба ҷуз иштирок дар дарсҳои донишгоҳӣ ташвишҳои ҳаррӯзаи хона зам мешаванд. Бархе аз ин донишҷӯ-келинҳо...

Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе

Субҳи 20 апрели соли равон дар Наврӯзгоҳи пойтахт 14-умин Ниммарафони байналмилалӣ дар масофаи 21км 97м баргузор мегардад. Дар мусобиқа...

Samsung як планшети бехатарро барои кӯдакон муаррифӣ кард

Samsung планшети кӯдаконаи Galaxy Tab A9 Kids Edition -ро муаррифӣ кард. Samsung планшети Galaxy Tab A9 Kids Edition-ро муаррифӣ кард,...
spot_imgspot_img

Intel дафтари худро дар Нижний Новгород фурӯхт

Корпоратсияи амрикоии Intel бузургтарин дафтари худро дар Нижний Новгороди Русия фурӯхт. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад. Онҳо муддати тӯлонӣ...

Тарҳи 4 модели iPhone 16 расонаӣ шуд

Аксҳои тарҳи чаҳор модели iPhone 16 дар интернет паҳн шуд. Дар ин бора портали 9to5Mac бо такя ба Сонни...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад