МУВАФФАҚИЯТСиявуш Қосим: мушкили мо набуди драматург аст!

Сиявуш Қосим: мушкили мо набуди драматург аст!

-

Сиявуш Қосим 21 сол дошта, яке аз ҳаҷвнигорони ҷавони кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз аз шашсолагӣ орзуи ҳаҷвнигор шудан намудааст.

“Фитаи намоишномаҳои ҳаҷвии ҳаҷвнигорони машҳурро зиёд тамошо мекардам. Дар муҳити хона низ писари шӯхтабиат будам. Аз ҳамон айём тасимим гирифта будам, ки ҳаҷвнигор мешавам.”, — нақл кард аз таърихчаи дилбастагиаш ба ҳаҷвнигорӣ.

Соли 2011 дар Кохи Борбад намоиш-озмуни ҳаҷвии “Лабханди зиндагӣ” бо иштироки ҳамаи ҳаҷвнигорони ҷумҳурӣ баргузор гашт. Сиявуш дар ин намоиш дар ҳайати гурӯҳи “Ғарибшо — компания” монологеро пешниҳод кард.

“Бо шиму костюми сафед ва тоқичаи чустӣ дар он намоиш иштирок кардам. Омодагии ҷиддӣ дида будам. Бо имову ишора ва суханҳои ҳаҷвӣ монологеро пешниҳоди ҳаводорон кардам, ки дар муаррифии ман ҳамчун ҳаҷвнигори ҷавон нақши муҳим бозид.”, — он замонро ба хотир овард ӯ.

Сиявуш Қосим 1-уми июни соли 2011 дар Фестивали ҷумҳуриявии кӯдакону наврасон “Сапеда” иштирок карда, аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ситоиш шуд:

-Барои ман ин сатрҳои Пешвои миллат басо хотирмон аст, ки гуфта буданд: “тамоми ҳаҷвнигорон ҷумҳурӣ омада, аз писарбачае, ки аз шаҳри Роғун саҳначаи ҳаҷвӣ иҷро намуд, ҳаҷвнигориро омӯзанд.”

“Ин сухани президент маро водор намуд, ки бомасъулият бошам. Худи ҳамон сол дар назди мактаби мусиқии шаҳри Роғун аз ҳисоби ҳамсолони худ гурӯҳи ҳаҷвнигорони “Табассуми Сиявуш”-ро ташкил намудам.”,-қайд намуд Сиёвуш.

Дар доираи Соли ҷавонон Сиявуш Қосим ба Кумитаи ҷавонон барои таъсиси гурӯҳи ҳаҷвӣ аз ҳисоби ҷавонон мактуб ирсол кард. Пешниҳод аз ҷониби кумита дастгирӣ ёфт ва гурӯҳи ҳаҷвии “Лабханди ҷавонӣ” соли 2017 фаъолияти худро оғоз кард.

Соли 2018 Сиявуш Қосим ҳамроҳи як гурӯҳ ҷавонони ҳунарманд ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард.

“Он ҷо барои омӯхтани нозукиҳои ҳунари актиёрӣ ба курси омӯзишии “Маҳорати актиёрӣ” сафарбар шудем ва аз устодони варзидаи Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дарс омӯхта, сазовори сертификат гардидам.”,- мегӯяд Сиявуш.

Ҳоло Сиявуш Қосим дар шӯъбаи рушди истеъдодҳои Академияи идоракунии назди президент фаъолият карда истодааст. Ҳамзамон роҳбарии гурӯҳи ҳаҷвии “Лабханди зиндагӣ”-ро ба уҳда дорад. Гурӯҳи “Лабханди ҷавонӣ” то имрӯз чандин намошномаҳои ҳаҷвиро дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон пешниҳоди мардум гардонидаанд.

Мутаасифона, бо вуҷуди ташкили гурӯҳи ҳаҷвӣ аз ҷониби ҷавон, шабакаҳои иҷтимоиро ҳаҷвҳои бемазмун пур кардаанд. Бинобар ин, Сиявуш муқобили паҳни мустақими саҳнаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.

“Мо он саҳнаҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоем, ки дар телевизион аз зери назари коргардонҳо гузашта, пахш шудааст. Зеро, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нафарони дақиқназар низ зиёданд, ки ба ҳунари ҳаҷвнигор баҳо медиҳанд.”, — таъкид намуд Сиявуш.

Ӯ мушкилоти имрӯзаи ҳаҷви тоҷикро дар набудани сенариянавис ва коргардони хуб гуфт:

“Набудани драматург мушкилоти асосии мо ҳаҷвнигорон аст. Сенариянависи ҳаҷв қариб, ки надорем ё дорему кам. Онҳо саҳнаҳоеро пешниҳод мекунанд, ки ба тамошобин писанд намеояд. Гурӯҳи мо дар самти сенаринависӣ танқисӣ намекашад. Мо бо ҳаҷвнигори варзида Муқимҷон Абдуфаттоҳев ҳамкорӣ дорем.”

Вай рисолати худро ҳамчун ҳаҷвнигор хушҳолсозӣ ва тарбияи мардум медонад. Хурсанд мешавад, вақте мардум ӯро дида механданд:

“Баъзе ҳавҷнигорон аз ин чиз меранҷанд. Баръакс, ман ифтихор мекунам. Чунки мардум тариқи ҳунарам маро шинохтаанд ва бо дидани ман хушҳол мешаванд.”

Гурӯҳи “Лабханди ҷавонӣ” тибқи нақша моҳи оянда репертуари мукаммали ҳаҷвиеро пешниҳоди ҳаводоронашон гардоданд.

Маҳкамзода Маҳкам

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...

96%-и кӯдакони то 12-моҳа иммунизатсия шуданд

Соли равон мо 50-солагии Барномаи Васеи Иммунизатсия таҷлил мешавад. Соли 1990 дар Тоҷикистон сатҳи фавти кӯдакони то 5-сола баланд...

Медали биринҷии Темур Раҳимов дар Чемпионати Осиё

Темур Раҳимов (+100) дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Ҳонконг, дар мубориза барои нишони биринҷӣ рақибаш Азамат Чочаев...

Соҳибкории иҷтимоӣ: талош барои тағйироти мусбат дар ҷомеа

Соҳибкории иҷтимоӣ тиҷоратест, ки ҳадаф аз таъсиси он рисолати иҷтимоӣ ва хайрхоҳона мебошад. Бо соҳибкории иҷтимоӣ метавон даромад гирифт ва...
spot_imgspot_img

Дар кадом навъи Samsung хати сабз пайдо мешавад?

Дар дисплейи баъзе аз телефонҳои Galaxy S21 хати сабзи борик пайдо мешаванд. Сабаби дақиқ маълум нест, аммо он метавонад...

Мушкилоти келинҳои донишҷӯ

Зиндагии донишҷӯ-келинҳо соддаву оддӣ нест. Ба ҷуз иштирок дар дарсҳои донишгоҳӣ ташвишҳои ҳаррӯзаи хона зам мешаванд. Бархе аз ин донишҷӯ-келинҳо...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад