CAPTION ВИДЕОИСТЕЪДОД

Ганҷина: ҷомеаи мо стендаперзанро мепазирад! (Видео)

Ганҷина стендаперӣ мекунад ва ба ояндаи жанри стендап дар Тоҷикистон хушбин аст.

Агарчи ин жанр барои мо нав аст. Хушбахтона, теъдоди аз ҷавонон худро дар ин ҷода имтиҳон мекунанд, ки дар миёнашон ҷавондухтарон низ ҳастанд.

Ганҷина аз шумули онҳост ва розӣ шуд, ки бобати фаъолияташ дар ин ҷода  бароямон нақл намояд.

Ӯ аз хӯрдӣ филмҳои мазҳкавиро тамошо мекард, барномаи “Comedy Club”-ро медид. Аз замони пайдоиши стендап дар телевизионҳои Русия, кори стендаперони Русияро мушоҳида мекард. Лоиҳаи “Женский стендап” дар ТНТ барояш ангезаи наве дод. Зеро, он ҷо духтарон баромад мекунанд…

“Соли гузашта чанде аз дӯстонам ба ин жанр рӯй оварданд. Ман барои ҷонибдорӣ ба консерташон рафтам. Пас аз чанде маро низ моил кардан хостанд. Зеро, шӯхтабиатам… Шукр, имрӯз ман ба кори дӯстдоштаам машғул ҳастам.”, — мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

 

Қаҳрамони мо бо забони русӣ дар доираи 5-8 дақиқа стендам таҳия мекунад. Ҳоло бо бачаҳои гурӯҳашон дар доираи аудиторияи муайян консерт барпо менамоянд.

Ба бовари ҳамсуҳбати мо, ҳар нафар метавонад стендапер шавад. Танҳо барояш дарки ҳаҷв, ҳушмандӣ, харизма ва огоҳ будан аз сиёсат зарур аст.

Ганҷина мегӯяд, аҳли оила ба кораш зид нестанд. Инчунин мардум стендаперзанро хуб қабул мекунанд. Аммо ҳоло дар Тоҷикистон аз ҳисоби стендаперӣ намешавад рӯз гузаронид.

Ганҷина дар ин ҷода бе роҳнамоии устод ба ин сатҳ расидааст. Бисёр мехоҳад, ки дастгирӣ шаваду дар тренингҳо нозукиҳои ин жанро аз худ намояд. Зеро, мехоҳад ба ин кор ҷиддӣ машғул шавад.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button