Сулҳ неъмати бебаҳост!

Сулҳ кафили осоиштагии сайёра

(Матн бидуни таҳрир)

Сулҳ мафхумест, ки амният, осоиштагӣ, озодӣ ва истиқлолиятро ифода карда,  кафили зиндагии орому осоиштаи маруми сайёра мебошад. Иттиҳоду якдилӣ ва эҳтирому муҳаббати инсонҳо ба якдигар омилҳои бавуҷудоварандаи сулҳанд.  Сулҳ дар замону маконе эҳсос меашвад, ки хатари ҷанг, зӯроварӣ, нооромӣ, фақру гуруснагӣ набошад ва ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фаҳангии ҳар як фард қадр карда шавад.

Инсоният дар тули таърих ҷангҳои пурфоҷиаи зиёдеро аз сар гузаронидааст ,ки  миллионҳо ва ҳатто миллиардҳо одамон қурбон гардидаанд. Сабабгори ҳамаи ин фоҷиаҳои даҳшатбор нофаҳмиҳо ва набудани сулҳ миёни қавм, миллат ва давлатҳои гуногун мебошад. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ танҳо дар асри XX бо сабаби ду фоҷиа бузург — Ҷанги якум ва дуюми ҷаҳон зиёда аз 108 миллион одамон ҷони худро аз даст додаанд. Миқдори умумии қурбониёни ҷанг дар тули таърих аз 150 миллион то 1 милллиард мерасад. То ҳанӯз дар кишварҳои мухталифи дунё бо сабаби низоъҳои сиёсию фарҳангӣ ва динию мазҳабӣ  ҳамарӯза садҳо нафар аз ҳаёт маҳрум мегарданд.  Чунин минтақаҳоро фазои хунину даҳшатбор иҳота кардааст. Тақрибан кишваре нест, ки чунин вазъро таҷриба накарда бошад.

Тоҷикистон низ миёни солҳои 1991-1997 дучори бӯҳрони сиёсӣ гардида буд, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд ва ҳамчун саҳифаи сиёҳ дар тахрихи миллати тоҷик боқӣ монд. Ин вокеъаи фоҷиавор ба дигар истило ҳамчун “Ҷанги бародаркӯш” ё “Ҷанги минтақавӣ”  баён гардидааст. Дар пайи ин воқеа садҳо ҳазор кушта ва тақртбан 1 миллион нафар гуреза шуданд. Бо кӯшишу заҳматҳои аксарияти мардуми Тоҷикистон ва роҳбари давлат Эмомали Раҳмон музокирот оид ба оштии милли роҳандозӣ шуд ва танҳо бо имзо гардидани “Созишномаи умумии истқрори сулҳ ва ризоияти милли дар Тоҷикистон” (27 июн 1996, Москва Россия) алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ паст гардид. Сулҳи тоҷикон натанҳо ба кишвару миллати тоҷик сафо бахшид, балки амнияту оромии минтақаро устувортар гаррдонда, садҳо ҳазор  гурезаҳоро ба ватан баргардонд. Айни ҳол тибқи омори давлатҳои босуботтарини дунё, Точикистон мавқеъи 97-умро касб намудааст.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ,  балки арзиши ҷаҳонӣ низ касб намуда, аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз , аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар  Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун намуна  ё модели нодири сулҳофарӣ  эътироф гардид.

Айни замон аксари сокинони ҷаҳон дар фазои сулҳу субот ва теъдоди дигар зери таъсири ҷангу зуроварӣ ба сар мебаранд. Мувофиқи маълумотҳои омории Институти Иқтисод ва  Сулҳ (Сидней, Австралия) 80 фисади кишварҳои ҷаҳон дорои сулҳу субот буда,  боқимонда ҳамчун кишварҳои бесубот арзёбӣ мешаванд.

Руйхати аз ҳама кишварҳои босубот ва бесубот , дар  асоси омори зикршуда, дар замима  оварда шудааст. Аз рӯи ин нишондодҳо босуботтарин кишвари ҷаҳон – Исландия ва бесуботарин –Афғонистон дониста мешаванд.

Ба хотири тақвият бахшидан ва устуворсозии сулҳ дар дунё, соли 1981 аз тарфаи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид 21-уми сентябр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии Сулҳ” қабул кард шуд. Ин сана ҳамасола бо риояи 24 соати бидуни зуроварӣ ва оташбас қайд карда мешавад.

Санаҳои дигари мабут ба сулҳ, ки ҳамасола қайд карда мешаванд:

  • “Рӯзи байналмилалии виҷдон” 5 апрел
  • “Рӯзи байналмилалии варзиш барои рушд ва сулҳ”  6 апрел
  • “Рӯзи байналмилалии бисёрҷонибагӣ ва дипломатия барои сулҳ” 24, 26 апрел
  • “Рӯзи байналмилалии зиндагии якҷоя дар фазои сулҳ” 16 май
  • “Рӯзи байналмилалии посдорони сулҳи СММ” 29 май
  • “Рӯзи байналмилалиибидуни зӯрварӣ” 2 октябр
  • “Рӯзи ҷаҳонии илм барои сулҳ ва пешрафт” 10 ноябр
  • “Рӯзи ҳуқуқи инсон” 10 декабр
  • “Рӯзи байналмилалии батарафӣ” 12 декабр

Сулҳ ганҷест, ки дарёфташ осон набуда ба ҳама муяссар намешавад. Ҳар як фард ба андозае, ки дар муҳити босуботу ором зиндагӣ кардааст сулҳро дарк ва эҳсос мекунад. Арзиши сулҳро бештар онҳое дарк карда метавонанд, ки бесуботиро таҷриба кардаанд. Боиси таасуф аст, ки имрӯзҳо дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон сокинон аз ҳаёти орому осуда  маҳрум буда, барои баъзеашон ҳатто мафҳуми сулҳ нофаҳмост.   Бо мақсади дарёфти ақидаҳои мардум дар бораи сулҳ, бо суоли “Сулҳ чист ва чӣ гуна  онро эҳсос мекунед?” ба ҷавонони як қатор кишварҳо муроҷиат намуда чунин  посухҳо гирифтем:

Шуҷоъ Неҷат. АФҒОНИСТОН

صلح یک ضرورت حتمی برای رفاع و اسایش و پیشرفت یک جامعه میباشد. چنانچه خداوند متعال در قران کریم میفرماید در صلح خیر نهفته است. فعلا صلح در افغانستان در محوطه حویلی هر شخص احساس می شود ولی  هر گاه که از خانه خارج میشویم و طالبان وحشی در شهر و کوچه ها میبنیم به یاد شهدای که در راه ازادی وطن شهید شدند میایم که کوله باری از درد و غم در سینه های مان تازه میشود

Сулҳ як зарурати ҳатми барои  шукуфоӣ, осоиш ва пешрафти ҷомеа мебошад. Тавре ки Худои таъоло дар Қуръони Карим мефармояд, некӣ дар сулҳ аст. Феълан дар Афғонистон сулҳ дар муҳити ҳар як хона эҳсос мешавад, вале ҳар гоҳ, ки аз хона берун мебароем ва толибони ваҳширо дар шаҳру кӯчаҳои он мебинем шаҳидоне, ки да роҳи озодии ватан ҷонашонро фидо карданд ба хотирамон меоянд ва дарду ғам дар синаҳоямон дубора тоза мешавад.

صلح عشق است. صلح وضعیت مثبت کشور و جمعیت آن است. این را وقتی احساس می کنم که در یکاجتماع مردم یکدیگر را دوست دارند و به یکدیگر احترام می گذارند. صلح باعث لذت و احساس آرامش می شود. اما چگونه می توانم آن را توضیح دهم ، در حالی که ما تا به حال صلح را ندیدیم. ما صلح را ندیدیم. ما در کشور خود صلح نداریم.

Самим Алокозай. АФҒОНИСТОН

Сулҳ  ишқ аст. Сулҳ вазъияти мусбии кишвар ва чамъияти он аст. Инро вақте эҳсос  мекунем, ки дар як ҷамъият мардум якдигарро дӯст медоранд ва ба якдигар эҳтиром мегузоранд. Сулҳ боиси лаззат ва эҳсоси оромиш аст. Аммо чӣ гуна метавонам онро тавзеҳ диҳам, дар ҳоле, ки мо то ба ҳол сулҳро надидаем. Мо сулҳро надидаем.  Мо дар кишвари худ сулҳ надорем.

 

 به نظر من سلح شگفتی بزرگی هست که هر کشور باید برای رسیدن به آن تلاش قابل توجهی کند. به شخصه زمانی من امنیت داشته باشم صلح هم دارم زمانی می بینم ناموسم به راحتی و آرامش پا به خیابان می گذارد فقط یک چیز در گوشم زمزمه می شود آن هم صلح است

Муҳсин. ЭРОН

Ба назари ман, сулҳ як силоҳи бузургест, ки хар як кишвар бояд барои ба даст овардани он саъю кушиши зиёд кунад. Ман сулҳро замоне эҳсос мекунам, ки дар амн бошам. Вақте мебинам, ки номусам (хоҳар, ҳамсар) бароҳат ва бо оромиш по ба хиёбон мегузорад, факат як чиз дар гушам замзама мешавад, ки он ҳам сулҳ аст.

صلح از نظر من دوستی و محبت بین همدیگر است. من صلح را وقتی احساس میکنم که کشورم و مردمم همه شان در آرامش باشن, از فقر و گرسنگی دور باشن,. در حال حاضر ، من صلح را احساس نمی کنم ، زیرا وضعیت در کشور من و مردم من برخلاف آن چیزی است که من گفتم و می خواستم

Нашир Аҳмад. АФҒОНИСТОН

Ба назари ман, сулҳ дӯстӣ ва муҳаббат байни якдигар аст. Замоне сулҳро эҳсос мекунам, ки кишвар ва мардумам дар оромиш ва аз фақру гуруснагӣ дур бошанд. Феълан сулҳро эҳсос намекунам, чунки вазъияти кишвар ва мардумам алайҳи хоставу гуфтаҳои ман аст.

Ҳуссам Моҳдур. СУРИЯ

Peace is to live in a country, where there are all necessities of life and people are inspired to live. The situation in Syria is very tragic. Unfortunately there is no peace for us here in Syria because of wars and sectarian tendencies. I can’t feel peace. We never have peace and we will never find as long as other countries violate our rights.

Cулҳ, ин дар кишваре ҳаёт ба сар бурдан аст, ки ҳамаи муҳимоти зиндагӣ дар он муҳаё аст ва мардумаш ба зиндагӣ дилгарманд. Вазъияти Сурия хеле фоҷиабор аст.  Мутаасифона бо сабабҳои ҷанг ва тамоюлоти мазҳабӣ барои мо дар ин ҷо сулҳ нест. Ман сулҳро эҳсос намекунам. Мо ҳеҷ гоҳ сулҳ надоштем ва то он даме, ки кишварҳои дигар ҳуқуқи моро поймол мекунанд нахоҳем дошт.

 

        Азиз Роки. ПОКИСТОН

For me peace is happiness, equality, safety and health. I feel peace in the following cases: being by the side of my  family as I become happy, my rights are protected as I see equality, breathing freely I feel safety and as I  move I feel healthy. All these are the senses of Peace for me.

Сулҳ барои ман хурсандӣ, баробарӣ, бехатарӣ ва солимӣ аст. Ман дар ҳолатҳои зерин сулҳро эҳсос мекунам: вақте ки дар канори оилаам ҳастам хурсанд мешавам,  ҳуқуқҳоям ҳимоя мешаванд ва баробариро мебинам, озодона нафас мекашаму эҳсоси бехатарӣ мекунам ва чун ҳаракат мекунам солим ҳастам. Ин ҳама барои ман эҳсоси сулҳ ҳастанд.

 

     Элла. Индонезия

Peace. It is respecting and supporting each other. Peace is the unity of the world’s people. Peace is valuing others. I have a lot of friends from different countries. Actually I like making new friends.  Whenever I talk with my friend I feel peace.  Overall Peace is friendship for me.

Сулҳ. Ин ҳурмату эхтиром ва дастгирии якдигар  аст. Сулҳ муттаҳидии тамоми сокинони дунё аст. Сулҳ ин қадри дигаронро донистан аст. Ман аз кишварҳои гуногун дӯстони зиёд дорам. Аслан дусти нав пайдо карданрро дӯст медорам. ҳар гоҳе, ки бо дӯстонам сӯҳбат мекунам, сулҳ дар ман эҳсос мешавад. Хулас, сулҳ барои ман дустӣ аст.

Аз муқоисаи гуфтаҳои боло чунин хулоса кардан мумкин аст, ки дар ҳақикат ҳам сулҳ неъмати бебаҳо буда, зиндагии орму осоиштаро барои мо таъмин менамояд. Моро зарур аст, ки ҳамеша шукргузор ва посдори ин ганҷи бебеҳо бошем. Чун шоҳид гаштем, ки ҷангу нооромиҳо дар баъзе манотиқи дунё таъсири манфи расонда, хаёти орому осудаи одамонро халалдор мекунанд, то андозае, ки баъзеҳо боре ҳам дар фазои сулҳ зиндагӣ накардаанд ва ин мафҳум барояшон ноошност.

 Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button