CAPTION ВИДЕОИСТЕЪДОД

Гурӯҳе бо диди нав, аммо бо номи “Сангпушт” (Видео)

Гурӯҳе аз комиксозони ҷавони кишвар, ки маънои номи тимашон сангпушт аст, аллакай чанд комикси худро дар шаҳрҳои бузурги кишвар ба намоиш гузоштаанд. Ин Гурӯҳ аз вилоят Суғд буда, ахиран меҳмони шаҳри Душанбе шуданд.

Аз фаъолияти Гурӯҳи мазкур як сол пур мешавад ва тӯли ин муддат комиксҳои “Дети Митана”, “Зара” ва “Спиритус”-ро таҳия кардаанд. Номи ин гурӯҳ “OOGWAY COMICS” буда, бо забони хитоӣ сангпушт тарҷума мешавад.

 “Ин намоши аввалини мо нест. Расо як сол қабл мо дар се ҷо – як намоиш дар Хуҷанд ва дуи дигар дар Душанбе баргузор кардем. Комикси нави мо – Спиритус дар Исфара, Хуҷанд ва ниҳоят дар Душанбе ба намоиш гузошта шуд”,- иттилоъ дод Темур, сарГурӯҳи OOGWAY COMICS.

Дар намоишҳо зиёдтар наврасону ҷавонон меоянд. Баъзан вақт нафаронеро дидан мумкин аст, ки синнашон аз 30 гузаштааст.

“Ман аз дидани бачаҳое, ки ба намоишҳои мо меоянд, хеле хурсандам. Ҳамаашон хурсанданд ба ҳамаашон маъқул аст. Агарчи комикс дар мо чизи нав аст, вале ҳама хуб қабул мекунанд.”,- мегӯяд Бахтовар, узви Гурӯҳи “OOGWAY COMICS.

Барои омода кардани як китоб дувуним моҳ лозим аст. Айни ҳол онҳо дар инстаграм саҳифаи худро доранд ва ба наздикӣ барномаи махсуси комиксҳо барои смартфонҳо омода мешавад. Ин барои хонандаҳои комикс хеле осон мешавад, чунки то чоп кардани китоб онҳо мунтазир намешаванду зуд аз интернет боргирӣ мекунанд.

Ин Гурӯҳ китоби нави худро бо номи “Спиритус” ба ҷавонону наврасони шаҳри Душанбе муаррифӣ намуданд, ки аз ҷониби иштирокчиён хуб пазируфта шуд.

“Маънои “Спиритус”  илҳом, шамол ва худи комикс дар бораи он аст, ки мо ҷавононро барои чизи зебо офаридан илҳом бахшем”,- қисса кард Малика, муаллифи китоб.

Комикс ин китоби аниматсионӣ аст. Ҳар як комикс мисли китобҳои бадеӣ дорои як қисса ва ё афсона мебошад. Аммо дар комикс расмҳо зиёду матн кам аст. Хонанда ҳангоми тасвирҳоро дидан, аллакай мефаҳмад, ки давоми қисса чӣ гуна хоҳад буд. Муҳимияти дигар комикс  ин аст, ки истеъдоди ниҳони хонандаро ошкор мекунад. Мавҷудияти комикс дар Тоҷикистон падидаи навест ва ҷавонони шаҳрҳои бузурги мо ба ин жанр акнун рӯ овардаанд.

Аминҷон Раҳматзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button