Сулҳ неъмати бебаҳост!

Сулҳ беҳтарин ганҷина

(Матн бидуни таҳрир)

«Сулҳ неъмати бебаҳо»
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.

Воқеан сулҳ неъмати бебаҳо ва бузургтарин ганҷина барои ҳар як сокини сайёра минҷумла ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба ҳисоб меравад. Зеро бо пойдор гардидани сулҳу суббот, оромию осоиштагӣ,ваҳдати дустӣ ва ҳамчунон якдигарфаҳмиву бародарӣ устувор гардида, имрӯз кабутари иқбол дар фазои ороми кишвар баландпарвоз аст. Дар ҳар хонадони тоҷик оромию осоиштагӣ, фазои меҳру муҳаббат ва якдилию якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост. Ҳоли ҳозир мо сулҳро дар хандаи ноби тифлакон, чеҳраи пурнури мордарон, хушбахтии ҳар хонадон, фазои озоду ором, хони пур аз нозу неъмат ва фардои дурахшон мебинем. Ҳамин сулҳ аст, ки насли наврасу ҷавон зери сояи он ба воя расидаву дар илму донишандӯзи ба муваффақиятҳо ноил гаштаанд.

Сулҳ ба миллати фарзонаи тоҷик хушбахтию шодкомиҳо ва умед ба фардои дурахшонро ҳадя сохт. Зери мафҳуми Сулҳ худ хушбахтию озодихоҳӣ, ватандӯстӣ, шодию нишот ва дигар вожаҳое, ки дар оромию осоиштагии миллати мо мусоидат намудааст, ниҳон аст. Сулҳ шоистатарин неъмати рӯйи замин маҳсуб мешавад. Маҳз бо кушишу талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат мутарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо тоҷикон чунин фазои орому осоишта ва ҳамдилӣ муяссар гардид.
Ҳеч як дороиву сарват ва шукуҳу шаҳомати гетӣ ба сулҳу суббот ва оромию осоиштаги баробар шуда наметавонад. Бо пойдории ин ганҷи бебаҳо рузгори мардум рӯ ба беҳбуди ниҳод ва дар тамоми соҳаҳо пешравӣ ба чашм мерасад. Иқтидори давлату миллат ва пешрафти он маҳз аз пойдории сулҳ вобаста аст. Аз ин рӯ ҳар яки мо ҷавононро мебояд, ки баҳри боз ҳам қаввитар намудани решаи сулҳ дар кишвари азизамон талош намоему бо омӯзиши пайваста дар ободии ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Мардуми тоҷикзабонро даҳр бишносад кунун,3-он ки бошанд ҳар нафас ваҳдатгарои манзилам. Толиби сулҳанд доим мардуми точикзабон, Такя бар онҳо намояд қавми соҳибманзилам.

Бо шарофати пойдории сулҳу ваҳдат,дар саросари кишвар озмуну чорабиниҳои мухталиф ба роҳандози кардаанд. Аз ҷумла баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» далели ин гуфтахост. Ин озмун дар ниҳоди ҷавонону наврасон ҳисси баланди китобдӯстиро бедор сохт.

Боиси зикр аст, ки баробари ба даст овардани сулҳ шаҳри азизамон Душанбе симои худро дигар намуд ва имрӯз ба яке аз шаҳрҳои пешқадами дунё табдил ёфтааст. Қомат афрохтани биноҳои баландошёна, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, гузоштани ҳадафҳои стратегӣ ва ноил гаштан ба онҳо ин ҳама меваест аз боғи сулҳу ороми.

Хуллас, сулҳ дар тамоми самтҳои кишвар муосидат намуда, пояи ин сармояи бузург дар ин сарзамини ҳамешабаҳор мустаҳкам гардидаву меҳани куҳани мо ба маром руз ободу шукуфотар мегардад.

Бо ҳамин маром, мо ҷавонони даврони Истиқлол низ дар ободии кишвари хеш саҳм гузошта, талош бар он меварзем ки шоистаи анна ҳамин миллату сарзамин бошем ва сулҳро човидони нигох дорем.
Зиндаю поянда бод, сулҳу дустӣ!

#jom.tj

Меҳрона Давлатёрова сокини шаҳри Ваҳдат
донишҷӯи ДМТ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button