Сулҳ неъмати бебаҳост!

Ҷанг нишонаи ҷаҳолату бераҳмӣ – сулҳ кори оқилон аст

(Матн бидуни таҳрир)
Бобои Абдулқодир дар тӯли умри 97 – солааш шоҳиди ду ҳодисаи даҳшатноктарин гаштааст. Яке Ҷанги бузурги Ватанӣ, ки худ низ иштирокчии бевоситаи он гашта ва дуюмӣ ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Имрӯз бобо солиму бардам дар ҳалқаи набераву абераҳо умр ба сар мебарад ва гоҳ – гоҳе аз он давраҳои мудҳиш хотираҳои талхро ба ёд меорад. Ӯ барои ҳифзи Ватан худро сипар карда, зидди лашкари фашист ҷангида ва хунхории онро бо чашми сар дидааст. Вале чи тавре худаш мегӯяд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қатлу куштори даҳшатборе, ки хабараш аз ҳар канори кишвар меомад, барояш воҳиманоктар буд. Гарчанде он солҳо дар деҳаи ӯ садои тир набаромада бошад ҳам, вале азоби қаҳтиву қиматӣ ва гуруснагии шадидро дар қатори тамоми халқи ҷабрдида кашидааст.
Бобои Абдулқодир умре дар хизмати халқ буда, дар таълиму тарбияи даҳҳо фарзандони ҳамдеҳагонаш саҳм гузоштааст. Ӯ унвони баланди “Муаллим” – ро дорад. Мардуми деҳа ӯро ба хотири ҳалолкориву мардонагиаш сахт эҳтиром мекунанд. Қаҳрамоние, ки бобо солҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ нишон додааст, то ҳанӯз барои мардум дарси ҷасорату мардонагӣ ҳасту барои он ӯро қадр мекунанд. Абдулқодир Холматов айни ҳол ягона шоҳиди зиндаи он рӯзҳои сиёҳ ва солхӯрдатарин марди деҳа ба шумор меравад.
Вақте ҷанг сар мешавад, Абдулқодир ҳамагӣ 18 сол дошта, мактаби миёнаро хатм карда буд ва дар колхоз ҳамчун муҳосиб кор мекард. Вале ӯро аз аввалинҳо шуда, ба фронт даъват мекунанд. Дар қатори даҳҳо марди деҳа Абдулқодири ҷавон дуои модарро гирифта, роҳ сӯи мудофиаи Ватан пеш мегирад. Чандин шабу рӯзи даъватшудагон дар роҳ мегузарад ва тӯли ин муддат онҳо мушкилиҳои зиёдро аз сар мегузаронанд. Вақте қатораи онҳо ба шаҳри Самарқанд мерасад, қарор мешавад, ки ин ҷо чанд рӯз мунтазири аскарони самарқандӣ хоҳанд шуд. Дар ин байн ду ҷавоне, ки Абдулқодирро ҳамроҳӣ мекарданд, дар рӯзи дуюми қарор гирифтани қатора ногаҳон фирор мекунанд. Хабари фирори онҳо зуд дар байни наваскарон паҳн мешавад ва то ба гӯши командирон мерасад. Вақте сартосари қатора ва гирду атрофи он бонги изтироб мезананд, чашми ҳама ба сӯи Абдулқодири ҳаждаҳсола меафтад. Ҳама аз ӯ гумонбар мешаванд, ки ба фирориён кӯмак кардааст ва самти рафтаи онҳоро медонад.
“Ба ман ҳатто бо ҷазоҳои сангин таҳдид карданд. Дар як утоқи вокзал маро пурсуков мекарданд. Ҳарчандба ба исрор мегуфтам, ки аз нақшаҳои онҳо хабардор набудам, вале ба сарам дод мезаданд, ки чандин рӯз ҳамсафару ҳамроҳ шуда, аз мақсади ҳамдигар бехабар будан номумкин аст. Бароям бисёр нанговар буд, ки чӣ гуна аз аввал нафаҳмидам, ки бо ду буздили ватанфурӯш ҳамсафар гаштаам”, он лаҳзаҳоро ёд оварда, қатраҳои ашки ба рухсораҳояш шоридаро пок кард бобои Абдулқодир.
Ҳамин тавр баъди чанд соати ҷустуҷӯ ду наваскари фироркарда ёфт мешаванд ва хушбахтона баёнот медиҳанд, ки аз нақшаҳояшон ҳеҷ кас хабар надошт. Танҳо ҳамин ду рафиқ байни ҳам маслиҳат карда, нонҳояшонро дар роҳ захира мекунанд ва пинҳонӣ аз чашми дигарон ба самти номуайян аз байни боғу заминҳои кишт роҳи гурезро пеш мегиранд. Абдулқодири ҷавон аз ҷавобгарӣ озод мешавад ва барои нофаҳмиҳо аз ӯ узр ҳам мепурсанд. Вақте тибқи нақша даъватиёни самарқандӣ ҳам ҷамъ мешаванд, қатора дубора ба роҳ мебарояд ва он ду нафари фирор кардаро ҳам бо назорати махсус ҳамроҳи худ мегиранд. Бобои Абдулқодир мегӯяд: “Онҳоро баъдан ҳангоми тақсимот ҳамчун ҷазо бе ягон тайёрӣ ба сафи пеши фронт фиристоданд ва дертар хабар ёфтем, ки дар рӯзҳои аввалин ҳарду ҳам аз тири душман кушта шудаанд”.
Бобои Абдулқодир аз ваҳшонияти содиркардаи фашистон, ки то расидан ба Москав сари ҳар қадам дида мешудааст, бо таассуф нақл кард. Ҳар қадар ба макони мерафтаашон наздик мешуданд ҳамон қадар даҳшати зиёд пеши чашмонашон намоён мешуд.
“Роҳи мо аз байни ҷангалзорон, деҳаҳои вайрону валангор мегузашт. Он ҷо хеле даҳшатнок буд. Хонаҳои нимсӯхтаву молу колои титу парешон, дарахтони шикаставу мошинҳои таркида ва ҳар ҷо – ҳар ҷо чуқуриҳои калоне, ки аз афтидани гранатаву снарядҳо гувоҳӣ медоданд, дар дили кас нисбати онҳое, ки ин ҷангро оғоз карданд, нафрат бедор мекард. Мо ҳатто дар чанд деҳа, ки шояд ҳамон замон нав шоҳиди задухӯрдҳои шадид шуда бошанд, одамони тахтабанду доркашидаро низ дидем. Дигар дар чашми ягон нафар хоб намеомад. Ҳама дар фикри қасос аз фашистони хунхор афтида буд”.
Қатора онҳоро то вокзали марказии шаҳри Москав мерасонад. Дар ин ҷо наваскаронро ба гурӯҳҳо тақсим карда, ба минтақаҳои гуногун мефиристанд. Абдулқодир Холматов ба ҳайати сопёрон ҳамроҳ мешавад ва ин гурӯҳ барои омӯзиш ба шаҳри Калинин фиристода мешавад. Дар роҳ самолёти гитлерчиён ба қатора ҳуҷум мекунад. Хушбахтона чанд бомбае, ки аз самолёт партоб мешавад, танҳо релсҳоро вайрон мекунад. Гурӯҳ маҷбур мешавад чанд рӯз ист карда, онҳоро таъмир кунад. Ҳамин тавр, пас аз барқарор кардани релсҳо қатора онҳоро ба ҷойи лозима мерасонад.
Абдулқодир Холматов дар он ҷо ба ротаи 26 – нафараи сопёрӣ, ки дар ҳайати полки тирандози 126 буд, шомил мешавад. Баъди тамринҳои ҷангӣ ва омӯзишҳои техникӣ ротаи онҳо дар фронти сеюми назди Балтика ба ҷанг медарояд. Қаҳрамони мо мардонавор дар набардҳо иштирок карда, дар байни ҳамяроқони худ ном пайдо мекунанд. Кори онҳо ниҳоят хавфнок буд. Бобо аз нозукӣ ва мушкилии масъулияти ротаи сопёрон ёд оварда, ба хотири ҳамяроқони ҳалокгаштааш ашки талх рехт.
“Масъулияти сопёрон ниҳоят вазнин буд. Мо пеш – пеши гурӯҳҳои тирандоз рафта миназоронро тоза мекардем. Ҳар лаҳза метавонист бароямон нафаси охирин бошад. Чандин рафиқонам дар пеши чашмонам ҳангоми адои вазифа қурбон шуданд. Худо раҳматашон кунад, ҷавонмардони фидоиро!”
Абдулқодир Холматов қариб то рӯзҳои охири ҷанг дар набард будааст ва барои қаҳрамониҳояш бо ордени “Ситораи сурх” низ қадрдонӣ карда мешавад. Вале ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз рӯзи ғалаба ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ мешавад. Бобои Абдулқодир аз он рӯзи мудҳиш ёд карда, чанд нафар ҳамроҳони дар ин ҳодиса фавтидаро ба некӣ ёд кард.
“Як рӯз ба мо фармон шуд, ки аз масофаи 6 километр барои сарбозон хӯрок биёрем. Бо роҳбарии сержант Ташкин мо 24 нафар ба роҳ баромадем. Анбори хӯроквориро ёфтем, ки он ҷо ду марду як зан хӯрок омода карда, тақсим мекарданд. Мо ба навбат истодем. Нафари шашумамон акнун флягаашро пур карда буд, ки садои гӯшхароши снаряд шунида шуд. Он рост ба болои анбор афтид. Мо зуд он ҷоро тарк кардем”.
Дар ин ҳодиса ду рафиқи бобои Абдулқодир ба ҳалокат мерасанд. Анбори хӯрокворӣ бошад, бо захираи семоҳаи сарбозон ба хок яксон мешавад. Дар авҷи ин таркишҳо ба ротаи сопёрон хабар мерасад, ки немисҳо наздик шуда истодаанд ва пеши роҳашонро миназор кардан лозим. Рота дар ҷойи муайяншуда ба кор шуруъ мекунад, ки чанд снаряд пайдарпай ба болояшон меафтад. Талафот ин навбат хеле зиёд буд ва қаҳрамони мо ҳам аз пояш ҷароҳати вазнин мебардорад. Ӯро ба госпитали Иваново фиристода, ҷарроҳӣ мекунанд ва аз баданаш оҳанпораҳоро кашида мегиранд. Аз он ки аҳволи пойи чапаш ниҳоят вазнин будааст, Абдулқодирро ба госпитали 3840 – и Комсомолский мебаранд ва мехоҳанд пойи маҷруҳашро буранд, вале ӯ розӣ намешавад.
Ҳамин тавр, муолиҷаи ӯ дер давом мекунад ва ниҳоят баъди ғалабаи бузург сиҳат ёфта, 27 – уми июни соли 1945 ба Ватан бармегардад. Вале ба ӯ ҳуҷҷати маъюби гурӯҳи дуюмро медиҳанд. Ҳамин тавр бобои Абдулқодир номи худро дар қатори ҳвзорон размандагони роҳи озодивқ оромии Ватан сабт кардааст. Ӯ баъли солҳои вазнини ҷанг ҳам дар қатори халқ истода, баҳри таҳкими сулҳу субот ва барқарор кардани зиндагии шоиста саҳми худро гузоштааст.
“Баъди ҷанг ҳам ором нишастан намехостам. Даҳҳо мардони деҳа аз ҷанг барнагаштанд. Баргаштагон аксарият маъюбият доштанд, вале ҳар яки онҳо дар деҳа худро андармони коре кард. Ман ҳам ба кори колхоз баргаштам ва чанд муддат он ҷо фаъолият мекардам”.
Чанде баъд ӯро ба мактаб ҳамчун муаллим ба кор даъват мекунанд. Гарчанде қаҳрамони мо ин таклифро рад карда, маълумоти касбӣ надоштанашро баҳона пеш орад ҳам, ӯро маҷбур мекунанд, ки ин масъулиятро бар дӯш гирад. Ҳатто ваъдаи ба омӯзишгоҳи муаллимтайёркунӣ фиристоданро ҳам медиҳанд. Ҳамин тавр ҳам мешавад. Абдклқодир Холматов дертар дар омӯзишгоҳи муаллимии шаҳри Конибодом маълумоти миёна ва дар шаҳри Самарқанд маълумоти олии касбиро соҳиб мешавад. Бобои қаҳрамони мо 45 соли умри худро дар таълиму тарбияи фарзандони ҳамдеҳагони худ мегузаронад. Ғайр аз ин ӯ дар вазифаҳои гуногун ба мисли директори мактаб, вакили мардумӣ, сардори ташкилоти комсомолӣ ва раиси ҷамоат адои вазифа кардааст.
Абдулқодир Холматов чандин маротиба ба чорабиниҳои бузурги бахшида ба солгарди ҷашни Ғалаба ба шаҳри Москав даъват шуда, ширкат варзидааст. Ҳамеша аз кӯмакҳо ва қадрдониҳои давлатӣ дар иду ҷашнвораҳо бархӯрдор аст. Соли 2020 ба муносибати 75 – умин солгарди иди Ғалаба аз номи худи Президенти Федератсияи Россия нома ва маблағи махсуси туҳфавӣ фиристода шудааст. Вале аз ҳама чизе, ки барои бобои Абдулқодир муҳимтар аст, ин оромиву сулҳу суботи кишварамон аст.
“Ҳамин оромӣ бошад бароям кифоя аст. Хандаву бозиҳои кӯдакон бароям фараҳ мебахшад. Илоҳӣ ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои талх басари шумо наоянд. На Ҷанги бузурги Ватанӣ ва на ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон оқибати хуб надоштанд. Шукри ин рӯзҳои тинҷиву осудагӣ. Худованд умри нигаҳбонони сулҳу ваҳдатро дароз гардонад, омин!”
Соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 175 иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт будаанд ва сафи онҳо рӯз аз рӯз рӯ ба камшавӣ ниҳодааст. Мувофиқи маълумотҳо дар ин ҷанг аз Тоҷикистон зиёда аз 290 ҳазор нафар иштирок кард, аз инҳо 55 нафарашон унвони олии Қаҳрамони иттифоқи советиро соҳиб гаштаанд.
Ёди ҳама ҷанговароне, ки баҳри сулҳу суботи имрӯза ва озодиву осудагии халқи худ ҷангидаанд, то абад дар дилҳои мардум боқӣ хоҳад монд. Зеро имрӯз ҳар нафаси озоде, ки мо мекашем натиҷаи ҷоннисориву қурбониҳои онҳост.
Шодмон Кенҷаев
Shodmon Kenjaev
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button