Сулҳ неъмати бебаҳост!

СУЛҲ, ЯЪНЕ ҲАМА ЧИЗ….

(Матн бидуни таҳрир)
Гурбачаи хурдакаку пахмоқакам давон — давон наздам меомад ва ман низ бо завқ барояш аз лаби нони суп-сурхаки рӯйи дастархон шикаста, нонреза мекардам ва наздаш мегузоштам. Гоҳҳо ба пуррагӣ нонрезаҳоро мехӯрду гоҳи дигар танҳо бӯй мекашид ва ба онҳо даҳон намезад. Нонрезаҳо хушк мешуданду мусичаҳо омада ба онҳо як-ду нӯл мезаданду мерафтанд. Азбаски ҳанӯз ба вожаи меҳнату заҳмат сарфаҳм намерафтам, ин амалро ҳамарӯза такрор мекардаму аз нонхӯрии гурбачаву мусичаҳо бағоят шод мешудам. Ҳангоми рӯфтани рӯи ҳавлӣ бошад, янгаам танбеҳам медод, ки ба нон беҳурматӣ кардаам ва нонрезаҳоро то мағзи охирин чида ба чашм мемолид ва ба еми чорво меандохту огоҳам мекард, то ин ки дигар ин амаламро такрор накунам. Аммо “тарки одат, амри маҳол” буду то он замоне, ки қиссаҳои мушкилии дастрасӣ ба нонро нашунидам, аз одати дерини худ даст накашидам.
Бибиям пас аз кори саҳро агар на он қадар хаста меомад, барои мо аз рӯзгори гузашта қисса мекард. Аксаран он қиссаҳоро мо хурдсолон мешунидему калонсолони хона аз пайи кору бору гирудори зиндагӣ мешуданд. Вале чун бибияму модарам бемалол ба гурбача нон доданаму нахӯрдани онро мушоҳида карданд, ба гуфтани авзои солҳои 90-ум шурӯъ карданду ҳама аъзоёни оила гӯш ба қимор шуданд ва дар чеҳраҳои онҳо ғубори андешаҳои андӯҳин нишаст. Бибиям мушкилии асосии камчин шудан ва борҳо барои нон дар навбат истодани худ ва шаҳрвандони кишварро ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ нисбат доданд. Модарам бошанд дар поёни гуфтаҳои бибиям ҷумлаи “Ҷанг бо худ наҳсиву касофатӣ меорад”-ро илова карданд, ки то ҳанӯз дар гӯшам садо медиҳаду ҳамеша бар он талқинам мекунад, ки дар ҳама кор сабуриро пеша кунам ва аз чанд ҷониб сари мушкилии бавуҷудомада андешаронӣ кунам. Ҳамин гуфтаҳои бибиву модар дар гӯш, ба гурбача кам – кам хӯрока медодам ва агар ба пуррагӣ мехӯрду боз талаби хӯрок мекард дар табақчаи алоҳидааш ба андозаи кофӣ хӯрока меандохтам… Ва ҳамон замон сулҳро дар фаровонии нон дарёфтам…
Вақте бо ҳамсолони худ бо сабабе дар кашокаш мешудему агар модарам аз ин корам хабар меёфт, хеле дар қаҳр мешуду танбеҳам медод ва ҳатто метарсондам, ки ҷазои нафаре, ки ҷанҷолу занозанӣ мекунад, зиндонӣ шудан аст ва одам набояд бо дӯстони худ ҷангу хархаша кунад, вагарна аз дӯстони Худо нахоҳад буд…. Он айём ман сулҳро дар дӯстиву рафоқат миёни ҳамсолон ва худотарсӣ дарёфтам…
Ба ҳангоми мактабхонӣ бо вуҷуди ҷевони пур аз либос доштан, либоси нафари дигаре дар назарамон зебову назаррабо менамуд ва ба ҷону ҳоли хонавода нагузошта, талаб мекардем, ки айнан мисли ҳамон пироҳан бароямон бихаранд. Вале чун донистам, ки дар дунё нафароне ҳастанд, ки солҳо пироҳани нав напӯшидаанд ва ҳастанд онҳое, ки бараҳнаву нимбараҳна ҳаёт ба сар мебаранд, сулҳро на дар либоси қимматбаҳову зебанда, балки дар пӯшида будану тозаву озода нигоҳ доштани либоса ва расидан ба қадри ҳар чизи буда, дарёфтам…
Чун номаи камолро ба даст овардаму ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ пардохтам, ҳар чизи зеборо акс мегирифтаму ба дӯстони худ мефиристодам. Баҳорон дарахтони гулпӯшу замини сарсабзи ҳавлиро акс гирифтам, боғҳои гулгулшукуфи пойтахтро суратгирӣ намудаму боз дар саҳифаҳои иҷтимоии худ гузоштам. Бисёриҳо аз зебоиҳояш гуфтанд. Дар ин миён паёмаке аз дӯстони хориҷиям омад, ки чанд аксе аз ватани худ фиристода. Манзараи сабзе надидам ва ҷои оне, ки занону духтарони мо дар дасти худ гулу себарга дар даст доранд, эшон аз ҳавли ҷону баҳри муҳофизати хеш силоҳ рӯи даст доранд… Ман он соат сулҳро дар сарсабзии диёр дидам…
Ҳар гоҳе, ки миёни ҷавонони кишвари худ мондам, сухан аз ИШҚ шунидам. Ҳар яке ишқро ба таври худ маънидод мекунад. Яке аз бераҳмиву беэътиқодии маъшуқааш дар қаҳр асту аз ин лиҳоз ғам мехӯрад, яке саҳфаҳоро пур аз ҳарфи муҳаббат мекунад ва ба дӯстдоштаи худ мефиристаду ба ин минвол аз рози ниҳони дил писандидаро хабардор кардан мехоҳад ва дигаре бо чашмони пур аз меҳр ҷониби муҳаббати хеш менигараду дар лавҳи хотир ояндаро наққошӣ мекунад. Яъне ман он дам сулҳро дар хотири осуда дидам, чаро ки агар мушкили заруртаре пешорӯи ҷавонон мебуд, ҳеҷ гоҳ ёд аз ИШҚ намекарданд…
Ва боз сулҳро дар чашми муҳоҷире дарёфтам, ки бо хотири ҷамъу дили осуда оилаи худро дар кишвари амн мегузорад ва баҳри дарёфти рӯзӣ озими кишвари дигаре мегардад. Агарчи баҳри нафаре ин ҳама як мушкилӣ аст, вале агар муҳоҷир дар амният будани оилаи худро дарк накунад, ҳеҷ гоҳ зану фарзанд ва оилаи худро танҳо гузошта рахти сафар намебандад…
Ниҳониву ошкоро дар айёми кӯдакӣ аз кунҷакҳои халтаи чаккаи дар ишкел овезони модар макидан ҳам бароям сулҳ буду то ҳанӯз он маззаи «сулҳ» дар даҳонам монда. Аз дунболи бибӣ барои ба бозор бурда фурӯхтани чор — панҷ сатил шафтолуи ширин, ки аз деҳқониҳои хонавода буд, гиристан ҳам, бароям сулҳ буд. Дар миёни кампиракони деҳа нишастану ба кулчабандиву қиссапардозиҳои эшон гӯш андохтан ҳам, бароям сулҳ буд. Зери сояи чанори баланди бисёрсолаи деҳа машғули бозӣ шуданҳо ҳам, бароям сулҳ буд.
Ва имрӯз амалӣ гаштани орзуи модарам, ки вохӯрдан бо Пешвои муаззами миллат буд, бароям сулҳ аст, ваҳдати ҳаётист… Шабонгоҳи тамуз рӯйи кат дароз кашидану аз зери баргҳои токи ангур ситора шумурдану гаҳ — гоҳ аз беғамии ҷавонӣ то тулӯи хуршеди саҳарӣ хобидан ҳам бароям сулҳ аст. Чанд фарсанг роҳро пиёдаву бидуни ҳарос тай кардан бароям сулҳ аст. Табассуми дар лабони пиразанони беморе, ки дар бемористон якҷо бистарӣ будем, ба сӯям таҷассум гардида, бароям сулҳ аст. Нигоҳи ризомандонаи устодону наздиконам бароям сулҳ аст. Сулҳ имрӯз ҳама чиз аст…
Парвин Самандарзода
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button