Сулҳ неъмати бебаҳост!

Ба озмуни “Сулҳ-неъмати бебаҳо”

АГАР ЧУНИН НАМЕБУД!?…
Шаб фаро расид. Шаҳр ором гашт. Гӯё ба хоб рафт…
Маҳтоб баромад. Ситора дурахшид. Гӯё чашмак зад…
Тани танҳо, лаб-лаби дарё, қадам ба қадам роҳ мепаймудам. Гӯё бо дарё ҳамнаво будам. Ҳарду хомӯш, якзайл, бомаром пеш мерафтем, ӯ бо роҳи худ, ман бо роҳи худ…
Чароғакҳо “мерақсиданд”. Фаввораҳо “мепариданд”. Гулгаштҳо “арғушт” мерафтанд. Гӯё дар ин ҷода танҳо суруру шодмонӣ танинандоз буд ва “дар кӯчаи мо ҳам ид буд”…
Ҳамоно як суоли беҷавобе дар сарам чарх мезад: Агар чунин намебуд!?…
Аз ҳамагашт мегузаштам, ки худгарде дуртар аз ман таваққуф кард, манзур, роҳ дод. Бо камоли адаб, даст пеши бар гирифта, роҳро убур кардам. Худгард ба роҳи худ рафт. Аз қафояш то дергоҳ назар кардам: дар ким-қуҷои олам одамро пахш карда мераванд. Дар мо иҷоза медиҳанд, ки роҳро бехатар убур кунӣ. Агар чунин намебуд!?…
Шаввоси дарё, қурроси қурбоққа, чирроси чир-чирак симфонияи табииро мемонад. Гӯё ин “трио” маҳз барои фараҳ бахшидану ором кардани тану ҷон офарида шуданд. Агар не, фазои шаб дар ин шаҳр ботамом хомӯш аст. Оромӣ ба маънои томаш ҷорист. Дар ҳар сад қадам ҷонфидоён (пулисҳо) истодаанд, ки ин осоиштагӣ халал наёбад. Пиру барно, марду зан ҳама осуда бихобанд. Агар чунин намебуд!?…
Дастаи роҳрӯбон роҳ мерӯфтанд, то ҳама наҷосатро аз роҳи равандагон бардоранд. Худгарде башаст об мепошид, то ҷодаро тамиз гардонаду гулҳои ду шафатро шодоб. Аз дур, аз роҳи ағба фавҷи чароғақҳо чашмак мезад. Манзур-ризқи халқро меовард. Аз ин ҷой ба сад ҷой, аз сад ҷой ба ин ҷой ҳаррӯз худгардҳои бешумор рафтуо доранд. Гӯё анкабут ҳастанду бо тори худ ҳар кунҷу канори кишварро бо ин шаҳр мепайванд. То воҳид, бо ҳам мутаҳҳид бошанд. Агар чунин намебуд!?…
Дар назди тоблуе, ки дар ҳамагашти навбатӣ насб гардида буд, каме таваққуф кардам: Дар ким-куҷои олам обхезӣ аст, сӯхтор аст, зилзила аст, тунбод аст, тӯфон аст…
Дар ким-қуҷои олам ҷанг аст, хунрезӣ аст, қаҳтӣ аст, қимматӣ аст, дарду балое ҳаст… Ба андеша фурӯ меравам ва ба атроф менигарам: чизе аз дидаҳо нест, ҳама ором аст. Гӯё хоб бошад, аммо воқеият аст. Агар чунин намебуд!?
Ба соати дастӣ менигарам: 10 дақиқа кам 5. Аҷаб, як шом дар ин шаҳр сайр доштам. Танҳо, бидуни тарс, бе ҳеҷ хаёли мағшуш. Боз аз худ мепурсам: Агар чунин намебуд!?
Аз сӯи Шарқ нурҳои офтоб як-як дурахшида, ҷисми аз шабнами саҳарӣ сардхӯрдаамро гармӣ мебахшиданд. Шаҳр як-як “аз хоби ноз” бедор мешуд. Ҳаёт аз нав оғоз меёфт…
Дар ин моваро танҳо як вожа вирди забон чарх мезад: Сулҳ! Зеро агар Сулҳ намебуд, ин шом ҳам вуҷуд намедошт. Шояд вуҷуд медошт, бидуни Сулҳ, Ваҳдат, Истиқлол…
Амони Муҳаммад
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button