Сулҳ неъмати бебаҳост!

СУЛҲ ИН…

(Матн бидуни таҳрир)
Мо калимаи “сулҳ”-ро хеле зиёд истифода мебарем. Телевизион, радио, матбуот, интернет, мактаб, донишгоҳ, масҷид, кӯча, хона ва умуман дар ҳама ҷое, ки калонсолон бо ҷавонон рӯ ба рӯ мешаванд, калимаи мазкурро шунидан мумкин аст. Аксари калонсолон кӯшиш мекунанд то андозаи дарку фаҳмиши худ мафҳуми калимаи болоро ба ҷавонон фаҳмонанд. Падар аз фарзандаш, мураббӣ аз кӯдаки боғча омада, муаллим аз хонанда, устод аз донишҷӯ ва роҳбар аз шогирд хоҳиш мекунанд, ки ҳадди ақал дар барои сулҳ чизе донанд.
Ин калимаро ҳамаамон бо тарзҳои гуногун шарҳ медиҳем, вале боз ҳамаамон пас аз шарҳу тавзеҳамон нопуррагӣ ва номуккамалии фикрамонро дар зеҳн тасдиқ мекунем. Дар даруни сулҳ ва бо сулҳ зиндагӣ мекунем, вале дар кушодани мафҳуми он оҷизӣ мекашем. Дар зер чанд ҷавоби чанд нафарро меорем, ки саволи “Сулҳ чист?”-ро аз мо шуниданд:
Тифли навзод ба ҷойи ҷавоб додан ғаш намуд.
Кӯдаки яксола чашмонашро пӯшида хоб кард.
Кӯдаки дусола бо шунидани ин савол ҳайрон-ҳайрон нигариста назди модараш тозон давид.
Кӯдаки сесола ханда карда, аз дастам дошт, то ки аз ҷӯйбори пеши хона якҷо гузарем ва “раҳмат”, гуфта, ҷониби дарвозаашон рафт.
Кӯдаки чорсола каме сукут кард ва баъди чанде омада пурсид: “Ака сулҳ ширинай ё талх?”.
Кӯдаки панҷсола ду дасташро ба тарафҳои муқобил каме тоб дода, ишораи маъмулии “намедонам”-ро намуд.
Кӯдаки шашсола ба фикр фуру рафт, гӯё ки чизе гуфтан мехоҳад, вале ҷавоб надода, бо хандаи зиёд аз наздам дур шуд.
Хонандаи синфи якум бо ҳаяҷони ба худ хос гуфт: “Ҳоли мо дар мактаб ин калимаро нагузаштем”.
Хонандаи синфи дуюм гуфт: “Сулҳ калимаест, ки аз чор ҳарф иборат аст, вале маънояшро ҳоло муаллима нагуфтааст”.
Хонандаи синфи сеюм ба ҷойи ҷавоб додан гуфт: «Ака, дар бораи сулҳ як шеър хонам?”.
Хонандаи синфи чорум ба муаллимааш нигариста “сулҳ дар ҳар хонадони мост, аммо онро дида наметавонем”, гуфта, ба парта рафта нишаст.
Хонандаи синфи панҷум сарашро дошта худашро тарзе нишон додан хост, ки гӯё ҷавоб кофта истодааст, аммо илман исбот шудааст, ки ба чунин тарз ҳеҷ гуна фикре ба сар намеояд, ҷавоб ёфтан ба саволе бошад имконнопазир аст. Пасон “намедонам” гуфта, ба дарс даромад.
Хонандаи синфи шашум “дарсҳоям зиёд”, гуфта, ба пушти мактаб рафт.
Хонандаи синфи ҳафтум “як дақиқа, ҳозир аз “Google” пурсам”, гуфта, телефонашро аз ҷайбаш бароварда, аз интернет ду сархати иншои озод дар мавзӯи “Сулҳ”-ро баланд-баланд хонд.
Хонандаи синфи ҳаштум “сулҳ ин озодии мост”, гуфта, худро канор гирифт.
Хонандаи синфи нуҳум пас аз танаффусе гуфт: “Сулҳ неъмати бебаҳо барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст ва моро мебояд ба қадри сулҳу оромӣ бирасем».
Хонандаи синфи даҳум гуфт: “Сулҳ сарчашмаи ҳама хушиву хурсандиҳои мо ба шумор меравад».
Хонандаи синфи ёздаҳум баҳонаи имтиҳонҳои хатму дохилшавӣ карда, аз ҷавоб додан худро раҳонид.
Довталаб ба ҷойи ҷавоб додан аз ман ҷавобҳои саволҳои тестиро пурсид.
Донишҷӯйи курси якум ба ҷойи ҷавоб додан аз ман аудитория пурсид, чун аксарияти онҳоро “абугаранг” мегӯянду дар ҷустуҷӯи аудитория ҳастанд.
Донишҷӯйи курси дуюм ба фикр фурӯ рафт, ба фикри шеъре, ки дар давраи мактабиаш дар бораи сулҳ азбар карда буд.
Донишҷӯйи курси саюм кори курсиву рефератҳо, театравию футболравӣ ва шанбегиҳоро баҳона карда, ба тарафи чап гурехт.
Донишҷӯйи курси чорум баҳонаи рисолаи хатм карда, пурташвиш буданашро бо оҳанги ғамгин баён дошт.
Донишҷӯйи курси панҷум пушти кору пайкори минбаъдаи хеш барои ҷавоб надодан узр пурсид ва барои ба коре даромадан “справка”-кобӣ рафт.
Магистрант аз бузургии сулҳ гуфту доктор PhD аз беқадрии он.
Номзади илм аз китобҳои зиёд мисол оварду доктори илм афсус хӯрд, ки ба қадри сулҳ намерасем.
Академик бошад, сукут кард. Танҳо сукут.
Аз зовияи дигар, ба саволи “Сулҳ чист?” ба гӯшам ҷавобҳои дигарон ҳам расиданд, ки ба шумо мегӯям:
Зани хонашин сулҳро ҳаммаънои оромии хонадонаш баён кард.
Холаи говҷӯш сулҳро дар тенҷиву амонии кишвар, шаҳр, ноҳия, деҳа ва билохира оилааш гуфт.
Марди савдогар озодона кор карданашро аз неъматҳои сулҳ арзёбӣ кард.
Бобои деҳқон бисёрҳосилӣ ва боронҳову офтоби сӯзонро дар будани сулҳ донист.
Бибии мурдашӯй бо ашки шашқатор шукри доштани сулҳро карду ба кораш давом дод.
Тағои таксист аз гаронии нархи сӯзишворӣ ғамгин бошад ҳам, бо ханда “сулҳ беҳтарин ҳадяи Худованд барои мо тоҷикон аст”, гуфту муҳаррики мошинашро фаъол кард.
Апаи ширинипаз тамоми шириниҳои пухтаашро ҳаммаззаи сулҳ номид.
Амаи курпачадӯз гуфт: “Баробари ҳар сӯзани задаам солҳои нобасомониҳо ба ёдам меояд ва шукр мекунам, ки имрӯз мо сулҳ дорем, сулҳи воқеӣ”.
Бо эҳтироми хос аз ҳама нафароне, ки дар боло фикрҳояшонро овардам, ҷавоби худамро мекорам, зеро ман ҳам ҳақи ибрози андешаи сирф фардиямро дорам.
Сулҳ ин бетарсу ҳароси модар дар беморхона таваллуд шудани тифлест, ки имрӯз таваллуд шуд.
Сулҳ ин ҳар субҳ бо ханда ба боғча раҳсипор шудани кӯдаки 4-солаест, ки дасти росташро падар ва дасти чапашро модар гирифтааст.
Сулҳ ин хонандаи синфи сеюмро модараш бо бӯса ба мактаб гусел кардан аст.
Сулҳ ин дар мактабу маркази омӯзишӣ бемушкилӣ ба мактаби олӣ омодагӣ дидани хонандани синфи 11-ум аст.
Сулҳ ин ба донишгоҳ рафтани донишҷӯи курси якум дар троллейбуси хатсайри 10 аст, ки дастгоҳи хунуккунакаш кор мекунаду роҳкиро 80 дирам мебошад.
Сулҳ ин бисёр осон дипломгириву ба кор ҷалб шудани як мутахассиси ҷавон аст, ки мехоҳад дар фазои мусоид донишҳои азбарнамудаашро дар хизмати халқу ватанаш сарф намояд.
Сулҳ ин аст, ки як магистрант ҳатто рӯзҳои шанбе пас аз нисфирӯзӣ дар кафедра навбатдор меистад ва ҳар муаллиме, ки ба дарс намеояд, ба дарсаш медарояд.
Сулҳ ин аст, ки ассисенти кафедра дар аудитория ба 25 нафар лексия мехонад ва он ҳама бодиққат гӯш мекунанд.
Сулҳ ин ба донишгоҳ бо мошини оинасиёҳ омадани дотсенту профессор аст, ки пас аз баромаданашон ҳам мошинашон дар таваққуфгоҳи донишгоҳ “солим” соҳибашро “интизор” аст.
Сулҳ ин хандаи модар, ба по рост будани падар, дар канор будани бародарону хоҳарон, ором будани ватан ва фурузон будани ҳама чароғҳо аст.
Сулҳ ин ҳастии мост, ҳастие, ки аз мо зиндагӣ, зиндагии ором ба сар бурданро талаб мекунад.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button