ИСТЕЪДОД

Тасвирҳои зебо, аммо бебақои рӯйи рег (Видео)

Теъдоди аниматороне, ки дар рӯйи рег тасвир мекунанд, меафзояд. Аммо кори онҳо мондагор нест. Яъне, баъди тасвир зуд натиҷаи корашонро пок мекунанд то рӯи шишаи шаффоф осоре намонад ва барои тасвири оянда монеа эҷод накунад. Ҳамчунин, онро фурӯхта ё аз як ҷой ба ҷойи дигар бурда намешавад…

Рухшона Раҷабова, хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат буда, ҳоло дар студияи тозатаъсиси “Cartoon and Movie” рассом-омӯзгор аст.

Рухшона Раҷабова

Ӯ ба кӯдакону наврасон навъи нави тасвир “Песочная аниматсия” ё худ “Тасвир дар рӯи рег”-ро меомӯзонад. Ин навъи санъат ҳанӯз соли 1969 аз ҷониби коргардони амрикоӣ Кэролин Лиф поя гузошта шуда, композитсияи ӯ  “Рег ” ном дошт.

“Ҳоло дар кишвари мо ин навъи санъат на он қадар рушд кардааст.”,-мегӯяд Рухшона. Ба бовари ин рассом, агар омӯзиши он васеъ ба роҳ монда шавад, дар Ватани мо ҳам аниматорони ҳирфаӣ ба монанди Эли Нойес (“Одами регӣ”) ва  Ко Хёдеман  (“Алифбоӣ регӣ”) эҳтимол пайдо шаванд.

Барои тасвири як асар ба рассом-аниматор лампаи равшан, шишаи шаффоф, реги нарм лозим аст. Ҳамчунин, ӯ аз қалам, мӯқалам, шона ва белча истифода мебарад. Масалан, қалам барои кашидани хатҳои борик, мӯқалам барои маҳин паҳн кардани рег, шона барои тасвир кардани мавҷи дарё ё мӯйи занон, белча барои ҷамъ кардани рег.

“Бояд гӯям, ки чанд навъи тасвир дар рӯйи рег мавҷуд аст: чеҳранигорӣ, графика, натюрморт. Дар ҳоли ҳозир мо навъҳои оддии онро ба шогирдон омӯзонида истодаем.”,-иттилоъ дод Рухшона.

Ҳамчунин ӯ зикр мекунад, ки барои омӯхтани “тасвир дар рег” чанд зинаро гузаштан ҳатмӣ аст. Яъне, дар зинаи якум корҳои сода омӯзонида шуда, баъдан композитсияҳои мураккаб офарида мешаванд.

Рухшона мегӯяд, ки рассом-аниматор бояд сабур бошад ва набояд ба хато роҳ диҳад. Зеро, дар бештари маврид кори ӯро мустақиман ё онлайн намоиш медиҳанд.

Рухшона Раҷабова кӯшиш мекунад, ки оянда дар офаридани тасвир дар рӯйи рег аз регҳои ҳарранга истифода барад то сифати тасвирҳояш беҳтар гарданд.

Амони Муҳаммад

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button