ВАРЗИШ

ЧЕМПИОНИ ДУКАРАТА. ИН КӮДАКИ 8-СОЛА КИСТ?

Муҳаммадҷон моҳи сентябри соли ҷорӣ Ҷоми ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмотро дар байни 8-солаҳо соҳиб гашт. Ӯ аз синни 5-солагӣ шоҳмотбозӣ мекунад ва то ин дам ду бор чемпиони Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни кӯдакон гаштааст. Бори аввал дар синни 5-солагӣ дар шаҳри Кӯлоб ин унвонро соҳиб шуда буд.

Бародараш Фарзин ба мактаби махсуси варзишии захираҳои олимии №7 оид ба шоҳмот ва шашка мерафт ва Муҳаммадҷонро гоҳо ҳамроҳӣ худ мебурд. Муҳаммадҷон бозии бародарашро дида, шавқи ин бозӣ дар дилаш бедор мешавад.

“Вақте бародарам ба шоҳмотбозӣ машғул мешуд, ман ӯро дида шавқам ба шоҳмот зиёд гардид. Ҳоло ман аз ӯҳдаи бозии се навъи шоҳмот (стандарт, блитс, ракитa) мебароям, дар вақтҳои холигиям бо бародарам дар хона бозӣ мекунем”,-нақл мекунад Муҳаммадҷон.

Ба ӯ дар ин муассиса мураббӣ Зебо Улуғхоҷаева дарс медиҳад. Айни  ҳол Улуғхоҷаева дар ду баст зиёда аз 60 шогирдро тарбия мекунад. Кӯдакону наврасонро ба бозиҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ омода месозад.

“Муҳаммадҷон бачаи хеле лаёқатманд, зеҳнаш гиро мебошад. Ягон чиро фаҳмонед, зуд мефаҳмад. Барои ҳамин, ба бозии шоҳмот шавқи зиёд дорад”,- тавсиф мекунад Зебо Улуғхоҷаева.

Вақте Муҳаммадҷон ба ин муаасиса меояд, зуд барои худ дӯстони нав пайдо мекунад. Айни замон ба шогирдони нави муассиса таҷрибаву малакаи худро меомузонад.

“Замоне ки Набӣ ном бачае ба ин ҷо омад, ман ба ӯ тарзи дуруст гузоштани донаҳоро нишон додам”,- бо ифтихор мегӯяд Муҳаммадҷон.

Муҳаммадҷон мехоҳад, ки дар мусобиқаи берун аз кишвар ширкат ва парчами Тоҷикистонро баланд бардорад. “Ман мехоҳам дар оянда мисли мураббиям ба шогирдони худ шоҳмотро омӯзонам”,- гуфт дар фарҷом Муҳаммадҷон.

Аминҷон  Раҳматзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button