ИСТЕЪДОД

ТОП-30 навраси муваффақи пойтахт маълум гардид

Озмуни «ТОП-30 навраси муваффақу маъруфи шаҳри Душанбе» ба анҷом расид. Аз 60 номзад 30 нафар беҳтаринҳо интихоб шуданд, ки онҳо ғолиби олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, блогерон ва наврасони фаъолу машҳури пойтахт буданд.

22 сентябр дар Боғи кӯдакони пойтахт маросими ҷоизасупорӣ баргузор шуда, созмондиҳанда — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳар яки онҳо диплом ва тӯҳфа тақдим кард.

Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе озмунро идомаи мантиқии ташаббуси мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе оид ба дарёфт ва ҳавасмандкунии наврасони болаёқат ва эҷодкор тавсиф кардааст.

«Ин тадбирҳо ба дарёфту муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони боистеъдоди пойтахт нигаронида шуда, дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе ба муносибати 30 -юмин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.»,-иқтибос овардааст Asia – Plus аз қавли муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ.

30 навраси муваффақ дар Душанбе инҳоянд:

Эҳсон Сафаров – 13- сола

Алимуҳаммад Фақиров – 8- сола

Зубер Каримов – 13- сола

Муҳаммадҷон Раҷабов — 14 -сола

Шукрон Хуҷамқулова – 17 -сола

Ҷобири Юсуф – 12-сола

Муҳаммад Каримов – 14-сола

Александр Холиқназаров – 9- сола

Беназир Олимова – 16 -сола

Умарова Рухшона – 16- сола

Шералӣ Маматов – 16- сола

Руҳафзо Хусравбекова – 16- сола

Бенёмини Илҳом – 12 -сола

Аниса Гапистинова – 14- сола

Муҷтабо Толибов – 9 -сола

Исмоилова Зебинисо – 9 -сола

Шабнам Наимзода — 17 -сола

Шерзод Аминов – 13- сола

Меҳрубон Юсупов – 14- сола

Меҳроб Сафаров – 16 сола

Самина Саидова – 14- сола

Шердил Ҳикматов – 15- сола

Шукрулло Саидзода – 17- сола

Абдурасул Қобилов — 15 сола

Зиёева Зайнаб – 14- сола

Сӯҳроб Одинаев – 16- сола

Аниса Маликмуродова — 13 сола

Аниса Ашӯрова – 7-сола

Нушин Давлатова – 10 -сола

Баҳрулло Ҳасанов – 14 -сола 

Дар ин рейтинг хурдтарин наврас Аниса Ашӯроваи 7-сола буд. Як нафари 8-сола, се 9-сола ва як номзади  дигар 10-сола аст, ки соҳиби ҷоиза шуданд.

Овоздиҳӣ тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук сурат гирифта. Он 15 сентябр оғоз ва то 19 сентябр идома ёфт. Барандаи ҷоиза аз рӯи шумораи бештари овозҳо (лайкҳо) муайян шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button