Сулҳ неъмати бебаҳост!

Хушхабар: замони ҷамъбасти озмун тағйир ва синни иштирокчиён боло бурда шуд

Бо дархости зиёди довталабон Сомонаи ҶОМ тасмим гирифт, ки замони ҷамъбасти озмуни “Сулҳ неъмати бебаҳо”-ро тағйир дода, ба довталабони то 30-сола ҳаққи ширкат дар озмунро фароҳам орад

Шартҳои озмун:

  • иштирокчии озмун то 30-сола бояд бошад;
  • иштирокчии озмун метавонад дар ҳар се бахш: подкаст, маводи видеоӣ ё қиссаи ҷолиб (як матлабӣ) пешниҳод намояд;
  • подкаст, маводи видеоӣ ё қиссаи ҷолиб бояд бозгӯкунандаи Сулҳ ҳамчун неъмати бебаҳо бошад;
  • иштирокчӣ бояд узви ҶОМ дар шабакаҳои иҷтимоӣ: Facebook Instagram Twitter гардида, матлаби хешро (подкаст, маводи видеоӣ, қиссаи ҷолиб) тариқи ин cаҳифаҳо аз санаи 15 сентябр то 5 октябри 2021 бо ишораи #jom.tj ба иштирок гузорад;
  • маводҳои ҷавобгӯ ба талаботи сомонаи “jom.tj” аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирдоварӣ ва дар бахши “Сулҳ неъмати бебаҳо” бознашр мегарданд;
  • аъзои ҳакамон маводи бештар писандида ва бознашргардидаро муҳокима ва ғолибро эълон менамоянд.

Ғолибони озмуни “Сулҳ неъмати бебаҳо” бо мукофот қадрдонӣ мегарданд:

  • Барои беҳтарин подкаст;
  • Барои беҳтарин маводи видеоӣ;
  • Барои беҳтарин қисса.

Маросими ҷоизасупорӣ баъди натиҷагирии ҳакамон эълон карда мешавад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button