ИСТЕЪДОД

Увайс дастгоҳи худмухтори гармидиҳандаро чӣ гуна сохт? (Видео)

Дастгоҳи сохтаи як навраси 15-солаи вилояти Хатлон бидуни барқ гармӣ тавлид карда, дар сармо манзилҳоро гарм менамояд.
Як хонандаи синфи 9 аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дастгоҳе сохтааст, ки аз нури офтоб гармӣ тавлид карда, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба хонаҳо гармӣ медиҳад.

Қаҳрамони мо ин навбат Увайси Шокири 15-сола аст, ки моҳи марти соли равон дар озмуни “Навовар-ихтироъкор” миёни хонандагони вилояти Хатлон ҷой аввалро касб кард.

Увайс хонандаи синфи 9-и Литсейи давлатии ноҳияи Вахш буда, аввалин навоварияш дастгоҳи гармидиҳӣ маҳсуб мешавад.

Ӯ мегӯяд, дастгоҳ бидуни қуваи барқ гармӣ медиҳад, “дастгоҳи мо дар сардии 0 Со ва дамои 25- 60 дараҷа гармӣ кор мекунад. Офаридани чунин дасгоҳ бароям осон нубуд. Инро дар хона сохтаам ва дар озмуни “Навовар-ихтироъкор” пешниҳод намуда, дар ниҳоят ғолиб гардидам.”,- нақл мекунад Увайси Шокир.

Аъзои ҳакамони озмуни “Навовар-ихтироъкор” тасдиқ намудаанд, ки дастгоҳи сохтаи Увайс  аз нури офтоб гармиро қабул ва интиқол медиҳад. Ҳоло Увайси Шокир барои офаридани дигар дастгоҳҳое, ки метавонад ба ҷомеа хидмат намояд, даст ба кор шудааст.

Аз Литсейи давлатии ноҳияи Вахш ба сомонаи JOM.tj гуфтанд, ки Увайси Шокир аз хонандагони фаъол буда, тахаюли рангине дошта, барои офаридани дастгоҳҳои нав  муваффақ мешавад.

Маҳмадаюб Самадов, директори Литсейи давлатии ноҳияи Вахш мегӯяд, ҳамаи омӯзгорон аз чунин шогирде, ки литсейро дар ноҳияву вилоят муаррифӣ кардааст, ифтихор мекунанд. Онҳо пайваста талош мекунанд, ки сафи чунин шогирдонро зиёд намоянд.

“Ҷаҳони имрӯз навоварию ихтироъкориро тақозо дорад. Мо бояд шогирде ба камол расонем, ки номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Дастгоҳе, ки шогирди мо сохтааст, барои ҷомеа хеле зарур аст. Зеро, гармӣ тавлид ва бидуни қувваи барқ хонаро гарм мекунад.”,- қайд намуд директори Литсей.

Дар вилояти Хатлон шумори навоварону ихтироъкорон дақиқ нест, вале мақомот барои дарёфт ва рушди истеъдоди наврасону ҷавонон озмуни “Навовар-ихтироъкор”-ро ташкил кардаанд, ки ҳамасола баргузор гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ ва сипосномаю диплом қадрдонӣ мегарданд.

Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button