ИҶТИМОЪ

Субҳон Ҷалилов: гиряи мард убол нест!

Субҳон Ҷалилов, ровии шинохта ва директори радиои “Ватан”ду китоби хеш- «61 алами бемодарӣ» ва «Аз қалъаи дил то Қалъаи сангин»-ро рӯнамоӣ намуд.

Ҳарду китоб баъди вафоти модараш ба нашр расида, китоби якум («61 алами бемодарӣ») аз 61 рӯбоӣ иборат буда, ба 61-солагии модараш бахшида шудааст. Китоби дуввум («Аз қалъаи дил то Қалъаи сангин») аз назму наср иборат буда, муаллиф хотироти худро дар бораи модараш тариқи рӯбоию қисса баён кардааст.

Адиб Ҷӯрабек Муъмин мегӯяд, Субҳони Ҷалилро марги Модар шоир кардааст, дурусттараш, ғами Модар. Марги Модар барои ӯ “чӯби алам гаштаву қомати шеър” шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button