ВАРЗИШ

Анӯшервони 15-сола чемпиони Осиё шуд

 

Анўшервон, муштзани 15-солаи тоҷик се бор дар Тоҷикистон ва 5 бор дар Ӯзбекистон чемпион шудааст. Инчунин, як маротиба дар Федератсияи Русия дар мусобиқаи бокс иштирок карда, соҳиби ҷойи аввал ва ҷоизаи «Муштзани беҳтарин» гардид.

Анӯшервон Фозилов 23 феврали соли 2006 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Айни ҳол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124, дар синфи 9-ум таҳсил мекунад. Ӯ дастпарвари Муассисаи давлатии мактаби варзишии захираҳои олимпии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.

Анӯшервон аз хурдӣ ба варзиш шавқу рағбати беандоза дошт. Ин шавқу рағбатро дар қалби кӯчаки ӯ падараш ҷой додааст. Падари Анўшервон — Мустафо Фозилов устоди бокс буда, дар қатори дигар варзишгарон ба Анӯшервон нозукиҳои ин намуди варзишро меомўзонад.

«Падарам устоди варзиши бокс аст. Мани 4-сола мехостам рафта машқи шогирдони падарамро тамошо кунам. Як рӯз падарам маро ҳамроҳаш бурд ва ман низ ҳамроҳи тамошобонон нишаста, машқҳои онҳоро дидам ва хостам ман ҳам машқ , муштзан шавам.»,- ба ёд меорад Анӯшервон.

Анўшервонро инчунин устодаш Акмал Абдуллоев раҳнамоӣ мекунад.

20 августи соли равон дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс баргузор гардид, ки дар дар ин мусобиқа Анӯшервон иштирок намуда, дар миёни намояндагони 17 кишвар соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гашт.

Айни ҳол ӯ ба мусобиқаи ҷумҳуриявии муштзанӣ ё бокс, ки 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, омодагӣ мегирад. Анӯшервон нақша дорад, ки ба бокси ғайрикасбӣ низ машғул шавад ва дар олимпиадаҳои варзишӣ иштирок намуда, кишварро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.

Ҷовидон РАҲМОНАЛИЕВ

 

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button