CAPTION ВИДЕО

Агар мошин намебуд аз чӣ истифода мекардед? (Пурсиш)

Рӯзи ҷаҳонии бидуни нақлиёт теъдоди зиёд дар саросари дунё мошини худро канор гузошта, тариқи дучарха ё пойи пиёда ба роҳ мебароянд. Мақсад аз “Рӯзи бидуни нақлиёт”-  тарғиби пиёдагардӣ, дучархасаворӣ ва истифодаи нақлиёти ҷамъиятист.

Бо мақсади кам кардани хатари воситаҳои нақлиёт ҳамасола рӯзи 22-юми сентябр дар саросари дунё «Рӯзи бидуни нақлиёт» қайд мешавад. Ин анъана аз соли 2000 бо ташаббуси Асотсиатсияи нақлиёти экологӣ роҳандозӣ шуд.

Мутаассифона, теъдоди аз ҳад зиёди мошин на танҳо дар шаҳрҳои калон мушкилот ба бор оварда, балки он ба як мушкилоти глобалӣ табдил шудааст. Инчунин теъдоди зиёде ҳамасола дар пайи  садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд. Ҳамасола 1.4 миллион аҳолии ҷаҳон дар роҳҳо ҷон медиҳанд. Яъне, як рӯз беш аз 3800 нафар мефавтад.

Аммо бо вуҷуди ин, суръати истеҳсоли нақлиёт меафзояд  ва мошин дар байни молҳои рекламашаванда дар зинаи аввал қарор дорад…

Рӯзи бидуни нақлиёт бори аввал соли 1973 дар Швейтсария қайд шуд. Мақомоти ин кишвар дар робита ба бӯҳрони сӯзишворӣ аз шаҳрвандон даъват карданд, ки барои чаҳор рӯз аз мошин даст кашанд. Аксияҳои ҷудогонаи тарки нақлиёт дар кишварҳои мухталифи Аврупо то соли 1997 идома ёфтанд. Аввалин амали умумимиллӣ аз ҷониби Британияи Кабир нишон дода шуд. Баъди як сол, Фаронса аз ин амал ҷонибдорӣ кард. То соли 2001 беш аз ҳазор шаҳри 35 кишвари ҷаҳон расман ба ин ҳаракат пайвастанд. Ҳоло, тибқи ҳисобҳои тахминӣ, ҳамасола ба ин иқдом беш аз 100 миллион нафар дар 1,5 ҳазор шаҳри ҷаҳон мепайванданд.

Роҳбарони шаҳрҳо ва роҳбарони созмонҳои мухталиф ба ҷомеа мушкилотеро, ки мошинҳо бо худ меоранд, хотиррасон кунанд.

Шаҳрҳои бузурги аксари кишварҳо дар ин рӯз истифодаи мошинҳоро дар дохили шаҳр маҳдуд мекунанд то истифода аз трамвай, троллейбус, автобус, метро ва дигар намудҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, инчунин дучарха ва пиёдагардӣ бештар шавад.

Аммо дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ин рӯз қайд намешавад ва аксарият тасаввур карда наметавонанд, ки бидуни нақлиёт низ мешавад зиндагӣ кард ва ҳаёт метавонад идома ёбад.

Хабарнигори Ҷом бо суоли “Агар мошин намебуд аз чӣ истифода мекардед?» муроҷиат кард, ки посухи эшон дар видеои зер манзуратон мегардад.

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Back to top button