Сулҳ неъмати бебаҳост!

Ҷойе ки субот аст, неъмати бебаҳои сулҳро намедонанд

“Кӯчаҳои мо ороманд, фарзандони мо ба мактаб мераванд. Дар он ҷое ки пояҳои ҷомеа мустаҳкаманд, неъмати бебаҳои сулҳро шояд касе эҳсос накунад. Аммо, барои одамони зиёди ҷаҳони муосир, ин тӯҳфа чизе ҷуз орзу нест. Онҳо дар занҷирҳо, дар фазои бесуботӣ ва тарс зиндагӣ мекунанд.”,-мегӯяд Созмони Милали Муттаҳид.

Ҳар сол 21 сентябр ҷомеаи ҷаҳонӣ “Рӯзи байналмилалии Сулҳ”-ро ҷашн мегирад. Ин рӯзро Ассамблеяи Генералии СММ рӯзи таҳкими Сулҳ байни ҳамаи кишвару халқҳо — ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ эълон кардааст.

Ассамблеяи Генералӣ соли 1981 бо қарори худ (36/67), Рӯзи Сулҳро эълон кард ва таҷлили онро рӯзи сешанбеи сеюми сентябр ихтисос дод. Баъди 20 сол, соли 2001 Ассамблеяи Генералӣ якдилона қатъномаи 55/282 -ро қабул кард, ки тибқи он аз соли 2002 Рӯзи байналмилалии сулҳ ҳар сол 21 сентябр ҳамчун рӯзи оташбаси умумӣ таҷлил карда шавад.

СММ дар Рӯзи Сулҳ аз ҳама кишварҳо ва халқҳо даъват мекунад, ки ҳама амалиёти ҷангиро бас кунанд ва ин рӯзро бо баргузории маъракаҳои иттилоотӣ ва оммавӣ баҳри Сулҳ сарф кунанд. СММ инчунин таҷлили Рӯзи байналмилалии сулҳро барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба кори бисёрҷонибаи он дар дастгирии сулҳ ва ҳавасманд кардани афрод, гурӯҳҳо ва ҷомеаҳои сайёра барои инъикоси мушкилоти сулҳ, мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи амалӣ дар расидан ба ҳадаф истифода мебарад.

Ҳамин тариқ, ҳар сол чорабиниҳои СММ бахшида ба Рӯзи анъанавӣ бо маросими занги сулҳ дар қароргоҳи СММ дар Ню -Йорк оғоз мешаванд.

Ҳар сол Рӯзи Сулҳ ба як мавзӯи мушаххас бахшида мешавад. Ҳамин тавр, дар тӯли солҳо он зери шиорҳои: «Ҳуқуқҳои инсон ва ҳифзи сулҳ», «Пешгирии паҳни силоҳ», «Ҷавонон барои сулҳ ва рушд»,  » Ҷаҳонро якҷоя созем «ва ғайра.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button