ВАРЗИШ

БАСКЕТБОЛ БО АРОБАИ МАЪЮБӢ

Мо дар бораи баскетбол ва варзишгарони ин ришта сӯҳбат мекунем. Аммо на дар бораи варзишгарони муқаррарӣ, балки бобати баскетболбозоне, ки аз аробача ба ин ришта шуғл меварзанд, нақл мекунем.

Ҳоло дар кишвар тими “Ғайрат” фаъол аст, ки аъзояш ҳамагӣ маъюбанд ва бо аробача баскетбол бозӣ мекунанд. Ин гуна тим дар Осиёи Миёна дигар нест. Тими мазкур моҳи августи соли 2016 пас аз дастрас намудани 15 аробааи маъюбӣ аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии “Опирешн мерсӣ” иттифоқ афтод.

Дар бораи ҳадафи таъсиси тим муассиси он Ғайрат Тухтасунов чунин мегӯяд: “аслан, ман аз соли 1994 узви Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони шаҳри Душанбе ҳастам ва бо бачаҳои имконияташон маҳдуд зиёд кор кардаам. Соли 2016, вақте ба Тоҷикистон 15 адад аробачаи маъюбӣ барои ташкили командае ҳадя карда шуд ва аз он 5 ададашро ба Хуҷанд, 5 ба Бохтар ва 5 адади дигарро ба Душанбе супориданд. Баъди ин, аз Ассотсиатсияи маъюбон аз ман хоҳиш карданд, ки бачаҳои шавқу завқдоштаро ҷамъ кунаму як дастаи варзиши навъибаскетбол бо аробача ташкил кунам. Ҳамин тавр, дар як муддати кутоҳ ман бачаҳоро ҷамъ кардам ва тими “Ғайрат”-ро таъсис додем.”

Ба гуфтаи масъулини тим, ҳадаф рушди варзиш миёни маъюбон буда, дуюм, бедор кардани ангеза миёни дигар маъюбон ва сеюм, бесухан баён кардан аст, ки  маъюбӣ охири кору зиндагӣ нест.

Дар ҳоли ҳозир тими “Ғайрат” зиёда аз 10 нафар узв дорад, ки маъюбони гурӯҳи якум ва дуюм ҳастанд. Синну соли варзишгарон аз 20 то 40-соларо ташкил медиҳад. Бачаҳо ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе аз соати 18 то соати 20 тамрин мекунанд.

Тими “Ғайрат” сафарҳои намоишӣ ба шаҳру навоҳии кишвар анҷом медиҳад. То ин дам ба Шаҳритус, Бохтар, Турсунзода, Данғара, Кӯлоб ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин сафарҳо анҷом шуда, дар толорҳои махсус маъюбони шаҳр ё навоҳии мазкурро ҷамъ оварда, баромад намудаанд. Мақсади чунин сафарҳо ва бозиҳо ба маъюбони тамоми кишвар нишон додан аст, ки дилхоҳ маъюб метавонад шуғл дошта бошад.

Тими “Ғайрат” агарчи дар Осиё Миёна ягона буда, ба ҳама маъюбон ангеза медиҳад. Вале ҳоло мушкилии зиёде дорад. Аробачаҳо куҳна шудаанд ва тӯбу либоси варзишӣ барояшон нокофист.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button