Ҳунармандӣ

Муаллифи “Нишони президент” асарҳояшро ба намоиш гузошт

Намоиши беш аз 50 асари рассоми шинохта Сабзаалӣ Шариф, рассоми Халқии Тоҷикистон бо номи “Аз дуриҳо ба нуриҳо” аз 2 то 30 сентябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон идома мекунад.

Сабзаалӣ Шариф 55 соли умри хешро сарфи пешаи рассомӣ карда, асари “Аз давра ба давра, аз дида ба дида” низ моли ӯст. Ин асар заҳмати 15-солаи эшон буда, нусхаии асари мазкур дар китобхона ва Осорхонаи миллӣ гузошта шудааст.

Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф яке аз ҳунармандони асил ва рассоми чирадасту хушсалиқаи тоҷик буда, лоиҳаи Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, орденҳои давлатии “Исмоили Сомонӣ”, “Спитамен”, “Дӯстии халқҳо”, медали ҷоизаи ба номи “Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ” медали “Ҷашни 20-солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  моли ӯст.

Аз ҷониби Сабзаалӣ Муродзода Шариф ороиши иншоотҳои бузурги давлатӣ, аз қабили бинои меҳмонхонаи “Тоҷикистон”’ Сирки давлатӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Кохи “Борбад”, театри академӣ драмавии ба номи Лоҳутӣ, театри опера ва –балети С. Айнӣ анҷом шудааст.

Одина Маҳмад

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button