ИСТЕЪДОД

Қассоси «Толибон» аз Умари рассом: падарашро кӯштанд

Умар рассом ва муҷассамасози афғон рамзи иттиҳод ва ҳамбастагиро дар Афғонистон сохт. Вале Созмони террористии «Толибон» барои ин кораш аз ӯ қассос гирифт.

Умар Хомӯш соли 2020 давоми чаҳор моҳ муҷассамаи 4-метраи Амир Амонуллохонро бо истифода аз 12963 гайка сохт, ки рамзи муттаҳидӣ ва якпорчагии Афғонистон буд. Ин амали ӯ боиси хашми Созмони террористии Толибон” гардид ва онҳо ба ҷони падараш сӯиқасд карданд.

«Ин гайкаҳо, ки паҳлуи ҳамдигар васл мешаванд, ба хотири ҳамбастагӣ  ва иттифоқи мардум  аст ва агар ҳамаи

 ин оҳанпораҳо якҷо  шаванд мисли як саре аз як гиребон берун кардаанд. Пас, мо кулли мардуми Афғонистон ҳамбастагӣ дошта бошем, хеле зуд метавонем  Афғонистонро дубора бисозем. Ҳар оҳанпорае, ки ман бо ҳам  васл кардам, ҳамон инсонҳое ҳастанд, ки ҷони худро дар роҳи истиқлол аз даст доданд. Аммо ин амали ман ба толибон писанд наомад ва онҳо падарамро куштанд.«, — мегӯяд ӯ.

Бинобар нооромиҳо дар Афғонистон Умар соли 2021 бо аҳли оилааш  ба Тоҷикистон  омад.

 “Тоҷикистон бароям хонаи дуюм аст. Инҷо эҳсоси бегонагӣ намекунам, баръакс, эҳсоси оромӣ, амният, берун аз тарс зиндагӣ кардан  бароям даст дод.  Ман ҳама чизи худ,  коргоҳ, хона, амвол ва хешовандонамро он сӯи  Ому ҷо гузоштам  ва танҳо  истеъдоди худро ба Тоҷикистон овардам.”, — мегӯяд Умар Хомуш.

Қаҳрамони мо се моҳ аст, ки  дар шаҳри Ваҳдат  дукони рассомии  худро боз карда, дар онҷо  ба шогирдон рассомиро меомӯзонад…

Соли 2015 бахшида ба 101-солагии Истиқлолияти Афғонистон бо истифода аз 1400  адад оҳанпора  муҷассамае сохта, дар Кобул насб кард, ки он ҳамчун рамзи озодии занон шинохта шуд.

Умар муҷассамаи дигареро аз қуттиҳои пластикӣ дар шакли панҷаи даст сохт, ки бо худ рамз дорад. Онро назди дарёи  Кобул гузоштаанд ва он як навъ ҳушдори дарё ба одамон гуфта шуд:

«Ҳадафам аз ин муҷассама дар он аст, ки дарё ба дод омада мегӯяд, ин қадар ифлосиҳоятонро ба ман нарезед, ин қадар хуни бегуноҳонро нарезед, ин қадар тани шаҳидонро дар  оби ман ғарқ накунед! Ман дигар тавони бардошти  ин ҳамаро надорам!»

Соли 2020  таввалудхонаи  Кобулро толибон мунфаҷир карданд. Дар натиҷаи ин ҳамла модарону кӯдакон дар таваллудхона қурбон шуданд. Ин ҳодиса ба Умар таъсири амиқ кард ва ӯ тасвири кӯдаке, ки  чашми худро баста,  дастҳояшро дар ду паҳлӯи рӯяш мондааст, сохт.

«Ин кӯдак орзуҳои зиёде барои кишвари худ, ояндаи худ ва оилаи худ дорад.  Пеш аз онки кӯдакон ин  орзуҳоро амалӣ созанд, толибон  ҳамаи онҳоро куштанд.», — бо ҳасрат мегӯяд қаҳрамони мо.

Тасвири  рӯйи чуб ҳолати имрӯзаи Афғонистон аст,  ки “толибон  мактабҳоро сӯзониданд, духтарак  китоб дар  даст канораш як паранда ва гурба  аз пушти  равзана ба  мактаби  сӯхтаю валангоршудааш  менигарад.  Ҳатто  парандаҳо  аз  парвоз  дар фазо  метарсанд, ки мабодо кушта нашаванд. Духтар зиёд мехост илм омӯзад… Рамзи  китоб пойдории илму дониш аст. Яъне, дар ҳар вазъияте  ӯ  мутолеа мекунад.”

Ин расмро  баъд аз ҳамлаи толибон ба Афғонистон  тасвир кардааст,  ки болои занҳо чодар андохтанд:

«Ҳарчанд ранги сурх рамзи  меҳру муҳббат аст, аммо  ман  дар  тасвири ранги пироҳани ин духтари афғон  рамзи хушунат ва хунро тасвир кардам,  ки хунҳо аз болои сари ӯ рехта истодаанд ва ӯ ба дод омадааст. Ин тасвири зани афғон аст, ки  ҳамарӯза шоҳиди аз зулму ситам ба дод  меояд  ва намедонад сулҳ чи аст.» – шарҳ медиҳад Умар.

Умар Хомӯш ният дорад, ки  аз оҳанпора (гайка)  дар Душанбе  муҷассамаи шахсиятҳои тоҷикро  бисозад ва онҳо  то се қарни баъд метавонанд боқӣ монанд.

Умар Хомӯши 30-сола рассом ҳайкалсоз ва наққоши моҳири Афғонистон аст. Ӯ тӯли 5 сол аст, ки ба касби рассомӣ машғул аст.

Ӯ аз синни даҳсолагӣ ба расмкашӣ  шурӯъ кард ва маҳз ҳамин шавқи беандозаи  рассомӣ буд, ки баъди хатми  литсей, соли 2010 ба Донишгоҳи шаҳри Кобул, риштаи рассомӣ таҳсилро идома дода, соли 2015 хатм кард. Ҳарчанд ки падар мехост, ки Умар мисли худаш дар соҳаи ҳуқуқ фаъолият дошта бошад, вале нашуд.  Баъдан Умар дар бахши иқтисодиёт таҳсилашро идома дода, соли  2016 онро хатм мекунад…

Ҳалима ШОБЕКОВА

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button