ВАРЗИШ

Мустафо дар 8-солагӣ қаҳрамони ҷаҳон шуд

Мустафо Сироҷов варзишгари 11-сола аз ноҳияи Рашт буда, бо роҳнамои падараш аз 5- солагӣ ба мактаби варзишии ноҳияи Рашт рафт ва то кунун дар риштаи»каратэ-до» тамрин мекунад. Давоми ин муддат барандаи чандин мусобиқаҳо гардид.

«Мустафо аз хурдсолӣ бо ҳаракатҳои аҷибу ғайриоддии худ аҳли оиларо ҳайрон мекард. Ман варзишгар шудани ӯро ҳамон вақт пай бурдам ва вақте 5-сола шуд, ӯро ба мактаби варзишии ноҳия овардам, ки он замон хурдсолтарин варзишгари ин даргоҳ буд» — мегӯяд Зарофиддин Сироҷов, падари Мустафо.

Мустафо то ин дам дар мусобиқаҳои зиёд иштирок карда, ҳамеша мақоми аввалро касб кардааст. Соли 2018 Мустафо дар ҳаёти худ муваффақияти бузургеро сабт кард. Дар мусобиқаи бонуфӯзи байналмиллалӣ, ки дар байни 16 давлати дунё дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок  ва дар вазни 25 кг баррандаи ҷои якум ва шоҳҷоизаи мусобиқаи “Ҷоми ҷаҳон-2018” гардид.

«Пас аз ғолибиятҳои пай дар пай дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳия ва ҷумҳурӣ ман ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон-2018 роҳхат гирифтам. Дар он ҷо маҳорати худро нишон дода барандаи мусобиқа ва бо бардоштани парчами Тоҷикистон мушарраф гардидам.», — мегӯяд Мустафо.

Волидайнаш барои Мустафо ҳамаи имкониятро муҳайё намудаанд. Падараш бо ифтихор аз ғолибиятҳои ӯ сухан меронад ва ӯро шарафи оилаву ноҳия медонад.

Агарчи Мустафо хӯрд аст,  аммо тақрибан 4 соат дар як рӯз тамрин мекунад.

«Тамрини зиёд бароям мушкил аст, вале лаззати ғолибият ва баланд бардоштани парчами давлатам маро қувват мебахшад.» – зикр мекунад Мустафо.

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button