Маконҳои таърихӣ

Модагург чи гуна аз Рим ба Шаҳристон расид?

Онҳое ки аз ҳудуди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд гузар мекунанд, гузорашон ба муҷассамаи модагурге, ки ду писарро шир медиҳад, меафтад. Аммо кам касоне аз рамзу роз ва таърихи он огоҳанд.

Модагург бо писарбачаҳо рамзи шаҳри Рим-пойтахти Итолиё аст, аммо ин муҷассама чаро маҳз дар Шаҳристон гузошта шудааст? Чи фалсафаву ҳикматеро дорост? Парвариши фарзанди инсон аз ҷониби гург оё дар фолклор ё адабиёти тоҷик дида мешавад? Гург дар шинохти инсон ваҳшии бераҳм аст, вале чаро муносибати неки ӯ ба одам намуна оварда шудааст? 

Муҷассамаи модагург бо ду писар дар канори шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд соли 2006 аз ҷониби Раёсати сохтмон ва меъмории вилояти Суғд бунёд гузошта шуд.

Дониёр Маъмуров, корманди бахши сохтмони ноҳияи Шаҳристон мегӯяд, идеяи насби он ба ковишҳои археологӣ дар Қалъаи Қаҳқаҳаи шаҳри қадамии Бунҷикат бар мегардад, ки боиси кофтукови бештар шудааст.

Солҳои 1967-1969 иштирокчиёни экспедитсияи бостоншиносии шимоли Тоҷикистони Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ҳангоми ҳафриёти бостоншиносӣ афшинаҳои Истаравшан (асрҳои 8—9) аз димнаи пойтахти он — шаҳри Бунҷикат (ҳоло дафинаҳои Қалъаи Қаҳқаҳаи Шаҳристони вилояти Суғд)-ро ёфтанд. Дар девори ғарбии роҳрави маркази қаср композитсияи ҷолибе, ки ба худ номи “Модаргурге, ки ду кӯдакро мемаконад”-ро гирифт, ёфта шуда ва аз девор кӯчонида ба Эрмитажи шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) ба намоиш гузошта шуд. Ҳоло ин композитсия дар осорхонаи машҳури Эрмитажи Санкт-Петербург нигаҳдорӣ мешавад. Тавре дар расм дида мешавад, ин асари рӯи девории дарозиаш шашметраи мураккаби бисёрперсонаждор аз чанд манзара иборат аст:

  • а) марди болои тахт нишаста (ҳоким) ва зани нимбараҳнаи муйпарешони дар канори тахт зону хам карда;
  • б) марди сияҳпӯш (ҷаллод) ва ҳамон зани нимбараҳна (модар), ки ҳар ду зону хамида дар талоши кӯдаканд, марди камзулу абопӯш (плаш)-и ростистода;
  • в) тасвири дарё, ки дар он махлуқи гӯшу бурутдори модимонанд шино мекунад,
  • г) дар соҳили дарё марди побараҳнаи куртадароз,
  • д) модагург, дугоники лучи синамак ва ҳамон марди камзулу абопӯш (чӯпон).

Ҳамин тавр, бозёфти ин мусаввараи нодиру пурҳикмат пас аз солҳои зиёд боиси гузоштани ҳайкале дар канори шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд мегардад.

Барои бинандае, ки  аз идеяву ривояти он огоҳ нест, чун як рамзи раҳму шафқат, муносибати намунавии инсоният бо олами ҳайвонотро нишон медиҳад.

Бо вуҷуди ин, ҳанӯз пайдоиши ин композитсия таърихнигоронро ба як фикри воҳид наовардааст.

Модагурги капитолӣ — симои асотирӣ дар байни румиёни қадим буда, ба рамзи шаҳри Рим-пойтахти Италия табдил ёфтааст. Тибқи ривоятҳои асотирӣ гӯё модагурге асосгузорони ривоятии шаҳри РумРомул ва Ремро аз марг наҷот дода, маконида бузург кардааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои инернетӣ “муҳофизони шаҳри Трояи Осиёи Хурд бо сардории Эней — писари Афродита ва Анхис баъди мағлубият аз душманон ба киштиҳо савор шуда, ба музофоти Ласиуми Итолиё меоянд. Дар ин ҷо пасавлоди Эней ва писари ҳокими шаҳри Албалонг Амулий бо умеди нест кардани ворисони тахт — Ромул ва Рем, ки аз насли Эней ва кӯдакони Марс ва Рея Силвия буданд, экизакҳоро ба дарёи Тибр мепартояд. Вале кӯдакон бо ёрии махлуқони обӣ наҷот меёбанд ва онҳоро модагурге дар теппаҳои Копитоли соҳили дарё парвариш мекунад. Кӯдакон баъди калон шудан таърихи худро аз чӯпоне шунида аз Амулий қасос мегиранд ва дар мавзеи наҷот ёфтаашон ба шаҳре асос мегузоранд. Минбаъд дар байни бародарон низоъ пайдо шуда, Ромул Ремро мекушад ва ба шаҳр номи Римро мегузорад.”

Вале рамзи Рим дар қалъаи Қаҳқаҳа чаро пайдо шуд? Он бозгӯи чи ҳақиқате дар робитаҳои Эрони  қадим ва Руми қадим аст? Шояд дар санъати расомии Осиёи Миёна пайдо шудани рамзи Рим ҳодисаи тасодуфӣ мебошад?

Ин саволҳоест, ки то ҳанӯз посухи илман асосноке дода нашудааст.  Дар навиштаҳое, ки ба ин суолҳои посух ҷуста мешавад, ба чанд нукта ишора шудааст:

  • Маълум нест, ки дар фолклори қадимӣ ва дерини ОМ ин қабил мавзӯҳои мифологӣ то чи андоза маъмул буданд. Наққош намояндаи равияи маҳаллии санъати рассомӣ буд ё ин ки нақшу нигори  ин қаср кори наққоши аз Ғарб даъватшуда аст.
  • Суғдиён дар шоҳроҳи бузурги трансконтиненталии тиҷоратӣ ва дипломатии байни Шарқи Наздик ва Шарқи дур ва дар равобити байни халқҳои ин сарзаминҳо нақши муайяне мебозиданд.
  • Истисно нест, ки намояндагони ин мамлакатҳо- савдогарон, сафирон, сайёҳон, миссионерон ва ғайра дар натиҷаи муносибатҳои шахсӣ мубодилаи сарватҳои маънавӣ карда бошанд. Бисёр намунҳои  нумизматика  нишон медиҳанд, ки асрҳои 6-7 ва ибтидои асри 8 давраи авҷи робитаҳои мардуми ОМ ва Византия буданд.
  • Дар ибтидои солшумории мо мардуми Юнону Рим бо ОМ ба воситаи роҳи машҳури Абрешим робитаи тиҷоратӣ доштанд. Инро дарёфтҳои археологӣ, махсусан сиккаҳои қадимаи ёфташуда тасдиқ мекунад.
  • Эҳтимол дорад, ки ин рамз аз Осиёи миёна ба Руми қадим рафта бошад, зеро тадқиқоти васеи ривоятҳои қабилаҳою халқҳои қадими Осиё ва Аврупо ба хулосае меора, ки мувофиқи он ривояти модагург ва кӯдакони афгона дар сарзамини қабилаҳои эронинажоди Осиёи Миёна ва Шарқи Миёна ҳанӯз дар замонҳои ҷамоаи ибтидоӣ (асрҳои биринҷӣ ва ибтидои оҳан) пайдо шуда, дертар дар байни қабилаҳои бодиянишину муҳими мамлакатҳои Осиё ва Аврупо паҳн гардид. Мувофиқи ривоятҳои эрониёни бостон, ки дар сарчашмаҳои Юнони атиқа акс ёфтааст, модагург ҳатто асосгузори давлати Ҳахоманишиён — Куруши Кабирро дар вақти кӯдакӣ афгона буданаш парвариш кардааст. Тадқиқоти илмӣ нишон дод, ки ин сюжет аз сарзамини Эрон аввалҳо дар байни этруекҳои Осиёи Хурд, дертар баъди ҳиҷрати онҳо ба Итолиё (маълумоти Ҳеродот) дар ин сарзамин низ паҳн шуда, яке аз ривоятҳои дӯстдоштаи этрускҳо гар­дид.

Бо вуҷуди ин, фарзияву тахминҳо дар мавриди ин сюжети мусавваравӣ ин воқеият бозгӯи робитаҳои зичи инсоният дар дунёи қадим аст. 

Агар аз баҳси таърихии масъала гузарем, дар тӯли таърихи башарият ҳодисаҳои зиёде дар асотиру фолклор ривоят мешавад, ки борҳо ҳайвоноти гуногун бо фарзандони инсон унс гирифта, онҳоро парвариш карданд. Ин шаҳодати он аст, ки ҳайвони ваҳшитарин метавонад бо инсон унс гирад, аммо инсонҳо бо инсонҳо то рафт ба якдигар бадбинтару душмантар мешаванд. Аз ривоятҳо бармеояд, ки ҳайвоноти ваҳшӣ ҳамеша кӯдаконро наҷот дода ҳатто парвариш карданд, вале дар замони пуршури имрӯз кӯдакон қурбонии ҷангу харобӣ мегаранд.

 

    Фирдавси Низом

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button