ВАРЗИШ

Ба Фирдавси чобуксавор касе баробар шуда наметавонад

Риштаи варзиши чобуксаворӣ ё худ аспдавонӣ  аз навъҳои варзишӣ сертамошобину ҷолиб буда, ҳаводорони зиёди хешро дорад. Аслан ба ин риштаи варзиш аҳолии  қитъаи Осиё бештар мароқ зоҳир мекунанд ва Тоҷикистон низ истисно набуда, ҳамасола дар арафаи иди “Наврӯз” мусобиқаҳои аспдавонӣ доир мекунад.

 

Фирдавс Саломови 24-сола аз чобуксаворони ҳирфаии Тоҷикистон буда, ӯ ҳанӯз дар айёми наврасӣ ба ин ҷонвари зебо- асп дил бастааст. Ҳар рӯз ба дидани аспи мурабиии аввалинаш Виктор Томс мерафт ва дар 5  сол нозукиҳои ин риштаи варзишро аз худ кардааст. Дар ин муддат борҳо ӯ аз мактаб гурехта ба дидани асп мерафт. Зеро, падару модари Фирдавс розӣ намешуданд, ки фарзандашон чобуксавор бошад…

Соли 2013 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт доир гардид, ӯ мақоми аввалро соҳиб шуд. Ин натиҷа боиси ризоияти волидайнаш барои идомаи тамрин дар ин ришта гардидааст.

Фирдавс барандаи шоҳҷоизаи мусобиқаи кушоди “Пойгаи аспдавонӣ” ба муносибати “Рӯзи пойтахт” дар масофаи 1000 -2000 метр, мусобиқаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар масофаи 1600-2000 метр, мусобиқаи байналмилаии “Пойгаи аспдавонӣ” барои дарёфти “Ҷоми пойтахт” дар масофаи 1000-2000 метр бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2018), мусобиқаи кушоди аспдавонӣ бахшида ба соли “Ҷавонон” ва 20-солагии “Ваҳдати миллӣ ” дар масофаи 1600-2000 метр (соли 2017), барандаи дипломи дараҷаи 2-и чемпионати Осиёи Марказӣ таҳти унвони “Марвориди Шарқ”-и дар масофаҳои 1800 метр (Тошкант 2018), мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 23-юмин солгарди “Конститутсия”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи 1600, 2000-2400 метр мебошад.

Соли 2015 Фирдавс аз болои асп меафтад ва он сол барояш бебарор маҳсуб мешавад. Зеро, ӯро аз сутунмуҳрааш ҷарроҳӣ мекунанд.

Фаридун Сафарзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button