ВАРЗИШ

Дастхобони №1 — и Тоҷикистон

Зиёдулло Баротови 20-сола бо вуҷуди надоштани пойи равон, дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ ширкат намуда, 50 медал ба даст овардааст, ки аз инҳо: 39 медали тилло, 5 нуқра ва 6 медали биринҷӣ ҳастанд.

Зиёдулло мегӯяд, ҳамеша дар вазни 50 кг дар мусоқибаҳо ширкат намуда, то ҳол дар Тоҷикистон ҳеҷ рақибаш дар ин вазн ӯро мағлуб накардаст.

Зиёдулло дар  деҳаи Бандари ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон бо нуқсони модарзодии фалаҷи пой ба дунё меояд ва ҳоло маъюби гуруҳи 1-ум мебошад:

-Дар кӯдакӣ бачаҳо дар берун бозӣ мекарданд, ман бошам аз сабаби надоштани пойии равон дар хона менишастам ва вақтамро барои сохтани ҳар гуна ашё, аз ҷумла, асбобҳои варзишӣ сарф карда, ҳамзамон тамрин мекардам.

 Аз хӯрдӣ дар дил орзуи варзишгари номдор шуданро дошт. Вақте каме бузургтарин мешавад, дар кӯча бо бачаҳо дастхобонӣ намуда, ҳамаи онҳоро мағлуб мекунад. Зиёдулло ҳам ба дасти рост ва ҳам ба дасти чап ҳамаро шикаст медодааст.

Рӯзе як дӯсташ ӯро ба толори варзиш барои тамрин даъват мекунад. Зиёдулло низ бе ҳеҷ дудилагӣ ба толор ҳозир шуда, баъди 3 моҳи тамрин дар аввалин мусобиқа мақоми аввалро соҳиб мешавад.

Зиёдулло Баротов ҳар рӯз барои тамрин 13 км роҳро тай намуда, ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мерасад. Ӯ ҳоло аз аробачи маъюбӣ истифода мекунад.

Дар мусобиқаҳои дохилӣ аз рӯйи навъҳои варзиши вазнбардорӣ, баскетбол бо аробача, дастхобонӣ, бадминтон ва тениси рӯи миз иштирок намуда, қариб ҳамеша мақоми аввалро соҳиб шудааст. Ҳамин мувафақиятҳо  ва иродаи қавиаш сабаб гаштааст, ки ба мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ роҳ ёбад.

Варзиш сабаб гардидааст, ки Зиёдулло ба кишварҳои мухталиф сафар намояд. Аввалин  бор соли 2018 дар мусобиқаи байналмиллалии “Харгӯши тиллоӣ” (Золотой заяц) дар шаҳри Москав ғолибият ба даст овард. Соли 2019 боз дар ҳамин мусобиқа соҳиби 3 медали тилло ва 1 медали биринҷии дигар гардид.

Соли 2019 дар шаҳри Исикули Қирғизистон мусобиқаи “Чемпионати Осиё оид ба дастхобонӣ” баргузор гардид ва Зиёдулло дар он иштирок карда, 1 медали тилло ва 1 медали биринҷиро ба даст овард.

Ҳамин тариқ, теъдоди медалҳои бадастовардаи Зиёдулло Баротов дар сатҳи ҷаҳонӣ ба 10 адад расид, ки аз он 7 ададаш медали тилло ва 3 адад дигар биринҷӣ маҳсуб мешаванд. 

Бинобар сабаби пандемия Зиёдулло аз аввали соли 2020  натавонист дар мусобиқаҳо ширкат варзад. Хушбахтона, фардо, 17 августи соли 2021  ба Қазоқистон барои иштирок дар мусобиқа, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ рақобат мекунанд, сафар менамояд

Мо аз фурсат истифода намуда, ба Зиёдулло мувафаққият орзу менамоем!

Аминҷон Раҳматзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
Like
Love
Haha
Wow
Sad
Angry
Хабари баъдиро пайгирӣ кунед!
Close
Back to top button